Терроризм ва экстремизм яке аз ҷиноятҳои махсусан вазнини замони муосир аст, ки дар бисёр мавридҳо на танҳо хусусияти миллӣ, балки хусусияти байналхалқӣ низ дорад.
Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, функцияи худро дар ин соҳа тавассути мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ амалӣ менамояд.
Аз ин лиҳоз дар даврони Соҳибистиқлолии кишвари азизамон як қатор қонунҳои- асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди ифротгароиро ба танзим дароранда қабул карда шудаанд: аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)”, Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқи байналмилалӣ, ки аз тарафи Тоҷикистон қабулу эътироф шудаанд, ташкил медиҳад.
Ҳадафҳои қонунҳои мазкур ин, пеш аз ҳама, риоя кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини амнияти истиқлолияти давлатӣ,таъмини якпорчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мо миллати тоҷик, дар ҳар шакле, ки набошад хоҳ динӣ ва ё хоҳ дунявӣ ифротгароиро қабул надорем. Дар ҷомеаи мутаммадини имрӯза чӣ амалҳои ифротгароӣ ва чӣ амалҳои террористи зуҳуроти номатлуб мебошанд. Ифротгароиву терроризм пеш аз ҳама ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро поймол мегардонад.
Мутахассисони имрӯза шаклҳои зуҳури терроризмро ба намудҳои зерин ҷудо мекунанд. Терроризми давлатӣ, терроризми гурӯҳҳои мухолифи давлат, терроризми байналмиллалӣ ва дохилидавлатӣ. Аз рӯйи хислати иҷтимоӣ бошад, терроризмро ба терроризми иҷтимоӣ, динӣ ва этникӣ ҷудо мекунанд.
Дар ҳар давраи таърихи симоҳои манфие пайдо мешаванд, ки мехоҳанд ба давлату миллати хеш зарар расонанд. Дар ҷомеаи муттамадини имрӯза аксарияти ин гуна шахсиятҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бархе аз ҷавонҳои ҷоҳилу нодони имрӯза бо ақидаи оне, ки бар зидди ноадолатиҳои замона мубориза мебарем, силоҳ ба даст гирифта мардуми бегуноҳро ба ҳалокат мерасонанд. Имрӯзҳо, бархе аз ҷавонҳоро бо роҳи фиреб, бо ваъдаҳои хушку холи ба давлатҳои ҷангзада барои амалҳои номатлуби террористӣ ҷалб менамоянд.
Террористон аҳолии осоиштаро ба ҳалокат мерасонанд, иншоотҳои гуногуни давлатию ҷамъиятиро метарконанд, занону кӯдаконро ба асорат мебаранд, ёдгориҳои таърихиву фарҳангиро несту нобуд мекунанд ва даҳҳо амалҳои номатлуби дигарро ба сомон мерасонанд. Оё сохтани муассисаҳои таълимӣ беадолатӣ аст? Оё бунёд намудани иншоотҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ беадолатӣ аст? Оё заҳматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, абардмарди таърих, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри некуаҳоли ва беҳтар шудани шароити зиндагии мардуми тоҷик беадолатӣ аст? Оё таваҷҷуҳи давлату ҳукумат нисбати занону духтарон, ки барои баланд бардоштани шароити иҷтимоӣ равона карда шудааст беадолатӣ аст? Не, ҳаргиз, ин амалҳо беадолатӣ буда наметавонанд, ҳамаи амалҳои номбаршуда адолатнок ва мақсаднок ба ҳисоб мераванд. Пас ин ҷо саволе ба миён меояд, ки ин террористон аз ин амалҳои худ чи мехоҳанд ва барои чи ин амалҳои пасти инсонии худро содир менамоянд. Дар зери ин ҳама амалҳои пасти инсони, ки даст дорад.
Дар дини мубини ислом, ғамхори намудан ба ятимон кори савоб ва арҷи бузурге ба ҳисоб меравад, Ҳатто сари ятимеро силла кардан худ савоб мебошад. Террористон ҳатто ба ятимон раҳм намекунанд. Террористон танҳо як мақсад доранд, ин ҳам бошад ба даст овардани маблағ ва боигарӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар, аз он давлатҳое ба шумор меравад, ки зидди ифротгароӣ ва терроризм мубориза мебарад. Имрӯзҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, абардмарди таърих, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ҷавонон таъкид карда мешавад, ки хонанд ва аз амалҳои террористию ифротгароӣ дур бошанд.
Ҳамчунин дар паёми ирогашта яке аз масъалаҳои мубрами рӯз зикр гардида ин зуҳуроти номатлуби замони муосир “Терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фарромиллӣ мебошанд. Ин ҳолат мо шаҳрвандонро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.
Мо ҷавонони бо нангу номуси кишварро зарур аст, ки доимо ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҷони худ ҷабр накарда- фирефтаи найранги хоинони дохиливу хоричии кишвар нагарданд ва доимо баҳрии ободонии Тоҷикистони азиз талош варзем.
Асосгузори сулҳӯ ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯрихояш бо аҳли ҷомеа таъкид кард: “Рисолаи таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон. Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаандозӣ ва олудашавӣ аз ифротгарои ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқиву маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба ҷавонон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем.
Суханони Сарвари давлат моро водор мекунад, ки ба баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар хусусан ҷавонон диқати махсус зоҳир намоем. Ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои ободкорию созандагӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ омода созем, барои пешгирии ҷавонон аз гаривадан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ дар муассисаҳои таълими дар дарсҳои таърих ва ҳуқуқ, инчунин корҳои тарбиявию берун аз синфӣ дар масъалаҳои хавфи терроризм дар ҷаҳони имрӯза, ҳушёриву зиракии наврасон диққати даркори диҳем.
Зарур аст, ки мо ба мардуми Тоҷик, қадру қимматӣ дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатиро, ки бо машақатҳои зиёд ба даст оварда шуда ва мо зиндагии осоишта дорем фаҳмонида, огоҳ созем, ки қадрношиносӣ ба арзишҳои миллӣ, носипосӣ ва ифротгароӣ ба нооромӣ ва қатлу куштор, мусофирату оворагӣ ва дури аз Ватан оварда мерасонад.
Ҳар фарди соҳибхиради Тоҷикистон бояд бо дарки баланди ватандорӣ дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чамъ омада, баҳри сулҳу суботи ватани азизамон Тоҷикистон даст ба даст бошем.
Хулоса, ҷавонон дар ҷомеаи муттамадини имруза бояд дарк намоянд, ки онҳо ояндаи миллат ҳастанд ва бояд аз тамоми амалҳои номатлуб, бахусус аз ифротгароиву терроризм дур бошанд. Агар мо хоҳем, ки ҷомеаи мо ҳамин хел бо суръат рушд кунад, бояд пайваста дар омӯхтани илм таллош варзем, зеро агар шахс соҳиби илму дониш, хираду заковат бошад, ҳеҷ вақт фирефтаи падидаҳои манфии номатлуби ҷомеа намегардад.
Ёрдамчии раиси Суди
ноҳияи Файзобод
Зоирзода Н.Т.
Суди ноҳияи Файзобод 



