Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз фоҷиабортарин ва дар айни замон пурифтихортарин саҳифаҳои таърихи асри ХХ ба шумор меравад. Дар ин ҷанги сарнавиштсоз тамоми халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон, саҳми бузург ва ҳалкунанда гузоштанд. Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон дар ақибгоҳи ҷанг қарор дошт, нақши он дар таъмини пирӯзӣ хеле назаррас буд.
Аз Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар солҳои ҷанг тақрибан 300 ҳазор нафар ба сафи Артиши Сурх сафарбар гардиданд. Ин фарзандони шуҷои Ватан дар фронтҳои гуногун, аз ҷумла дар муҳорибаҳои назди Маскав, Сталинград, Курск ва то расидан ба Берлин, бо душман мубориза бурданд. Беш аз 100 ҳазор нафар аз ҷанговарони тоҷик дар майдонҳои ҷанг ҳалок гардиданд, ки ин шаҳодати фидокорӣ ва ҷасорати онҳо мебошад.
Ҷанговарони тоҷик дар майдонҳои ҷанг бо шуҷоат ва қаҳрамонӣ ном бароварда, бисёре аз онҳо бо ордену медалҳо қадрдонӣ шуданд. Як қатор фарзандони Тоҷикистон ба гирифтани унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардиданд. Ин шахсиятҳо бо ҷасорат ва садоқат намунаи олии ватандӯстӣ ва мардонагӣ гардиданд.
Саҳми Тоҷикистон танҳо бо фронт маҳдуд набуд. Дар ақибгоҳ низ мардум бо тамоми қувва барои пирӯзӣ заҳмат мекашиданд. Кишоварзон истеҳсоли ғалла, пахта ва дигар маҳсулоти заруриро афзоиш дода, Артиши Сурхро бо маводи ғизоӣ таъмин мекарданд. Дар баробари ин, корхонаҳои саноатӣ, ки аз минтақаҳои ҷангӣ ба Тоҷикистон кӯчонда шуда буданд, барои истеҳсоли маҳсулоти зарурии ҷангӣ фаъолият мекарданд. Мардуми Тоҷикистон инчунин ба фронт кӯмаки зиёди моддӣ мерасониданд. Онҳо либос, маводи хӯрока, маблағ ва дигар кумакҳоро ҷамъоварӣ намуда, ба сарбозон мефиристоданд. Ин амалҳо нишонаи ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии мардум буданд.
Дар ин давра занон ва наврасон низ нақши хеле муҳим бозиданд. Онҳо дар саҳро, корхонаҳо ва дигар соҳаҳо ҷойи мардони ба ҷанг рафтаро пур карда, бо меҳнати шабонарӯзӣ дар таъмини ғалаба саҳм гузоштанд.
Бояд қайд намуд, ки таҳти сиёсати сулҳпарварона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хотираи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамеша гиромӣ дошта шуда, саҳми онҳо дар тарбияи ватандӯстии насли наврас пайваста таъкид мегардад.
Дар маҷмӯъ, пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ натиҷаи мубориза ва заҳмати якҷояи тамоми халқҳо буд. Саҳми халқи тоҷик дар ин пирӯзӣ бо қаҳрамонии ҷанговарон дар фронт ва меҳнати фидокоронаи мардум дар ақибгоҳ ифода меёбад. Имрӯз хотираи он қаҳрамонон ва заҳматкашон ҳамчун рамзи шуҷоат, ватандӯстӣ ва ваҳдати миллӣ гиромӣ дошта мешавад.
Холиқзода Бахтиёр Ҳайдар
Раиси суди ноҳияи Файзобод.
Суди ноҳияи Файзобод 




