Санаи 6 июни соли 2026 Раиси суд, судяҳо, кормандони дастгоҳи Суди ноҳияи Файзобод, бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихӣ ва мондагори фарзандони барӯманди миллат ба оромгоҳи Лучоб дар шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Ҳайати кормандон бо гузоштани гулчанбар ва адои эҳтиром ба оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон — Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи маъруфи маърифатпарвари тоҷик Нисор Муҳаммад, аз корномаҳои пуршарафи онҳо дар роҳи ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ ёдовар шуданд.



ДАР РОҲИ ПОСДОРИИ ХОТИРАИ ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛАТ
Суди ноҳияи Файзобод 



