Иштироки Раиси суди ноҳияи Файзобод Холиқзода Бахтиёр Ҳайдар дар толори Филармонияи халқии ноҳия ба муносибати 31-умин солгарди таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Бахшида ба 31- солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 феврали соли 2024 дар толори Филармонияи халқии ноҳия ба номи Нигина Рауфова, ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ чорабинии идона баргузор гардид. Дар ҷамъомад намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, собиқадорон, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд.
    Раиси суд Холиқзода Бахтиёр Ҳайдар тамоми иштирокчиёни чорабиниро бахшида ба ҷашни 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз намуд, ки мо тавонистем дар лаҳзаҳои душвори таърихӣ зери сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон артишии миллии худро аз сирф оғоз намоем, ки имрӯз артиши миллии мо қавӣ гардида, дорои техника ва таҷҳизотҳои муосири замон мебошад. Вобаста ба ҷашни 31-умин солгарди таъсисёбии рӯзи артиши миллӣ Раиси суд ҳамагонро табрик намуда, вобаста ба нақш ва аҳамияти артиши миллӣ маълумоти муфассал дод.