Паёми ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанбаҳои фаъолияти дохиливу берунаи Ҳукумати кишварро муайян месозад. Воқеан, Пешвои миллат дар ҳар Паёми худ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва дар амал ҷорӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат таъкид карда, дар ин самт ба Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ дастуру супоришҳои қатъӣ медиҳанд.
Мақомоти судӣ яке аз ниҳодҳои мустақил ва калидии кишвар мебошад, ки дар татбиқи адолати иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон нақши бағоят муҳим дорад. Фаъолияти ниҳоди мазкур ҳамасола зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, барои боз ҳам дар сатҳи баланд ба роҳ мондани фаъолият пешниҳоду дастурҳои муфиду назарас медиҳанд. Сарвари давлат дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ барои беҳтар намудани фаъолияти Ҳокимияти судӣ якчанд нуқтаро баён доштаанд, ки дар он аз ҷумла таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттиллоти оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳукуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамоянд. Ва дар баробари ин дастур додаанд, ки дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои муосири электронӣ дар фаъолияти судҳо тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат дар Паёми имсолаи худ қайд намудаанд, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо дар даврони соҳибистиқлолӣ ин қабули Конститутсия мебошад, ки соли 2024 – ро «Соли маърифти ҳуқуқи» эълон намудаанд. Дар ин раванд ба тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дастур додаанд, ки ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда дар Паём барои соли 2024 сафарбар намоянд.

Назарзода Шодӣ Қурбон
судяи Суди ноҳияи Файзобод.