СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №35-И ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ВАШГИРД ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

Бо мақсади тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва татбиқи самараноки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Файзобод аз ҷониби намояндагони мақомоти судӣ вохӯри бо омӯзгорон ва хонандагон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Назарзода Шодӣ Қурбон, Сулаймонзода Шамшод Аъзамшоҳ судяҳои Суди ноҳияи Файзобод ва Абдуллозода Меҳрон Худоёр, Нуруллозода Шодмон кормандони дастгоҳи Суди ноҳияи Файзобод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳим вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак, масъулияти падару модар дар таъмини таҳсилоти ҳатмӣ, назорати рафтору кирдори фарзандон, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон, инчунин роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гуруҳҳои ифротгаро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қайд гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» яке аз санадҳои муҳими ҳуқуқӣ буда, вазифа ва уҳдадориҳои падару модар, омӯзгорон ва ҷомеаро дар самти тарбияи дурусти кӯдак мушаххас менамояд. Таъкид шуд, ки беэътиноӣ нисбат ба таълиму тарбия метавонад боиси ҷавобгарии маъмурӣ гардад.
Судяҳои суд зимни баррасии мисолҳои мушаххас аз таҷрибаи судӣ зарурати ҳамкории зичи муассисаи таълимӣ бо волидайн ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таъкид намуда, аз аҳли нишаст даъват ба амал оварданд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас бетараф набошанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои волидайн ва омӯзгорон посухҳои мушаххас дода шуд. Чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон мусоидат намуда, дар таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ ва тарбияи насли солиму ватандӯст нақши муҳим мебозанд.