Боварӣ ва эътимод

Мардуми Тоҷикистон, ки дар шароити мусоидӣ оромӣ, сулҳу суббот ҳаёт ба сар мебаранд, аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат қаноатманд, аз музаффариятҳои рӯзафзуни кишвар рӯҳбаланд, аз ғамғориҳои Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат розию миннатор дар ҷаҳду талоши шукуфтанҳои нав ба нави фараҳафзои кишвари азиз ба ояндаи дурахшони ин мулки аҷдодӣ боварии комил доранд.

Паёми Президенди Ҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола ҳамчун барномаи мукаммали фаъолияти кормандони тамоми соҳаҳо, дар маҷмӯъ барномаи амали халқи кишвар, пешниҳод мегардад, бо ҳисиёти баланди ватандӯстӣ мо қабул карда мешавад. Паём фарогири масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ буда, сиёсати дохилии хориҷии мамлакатро возеҳу равшан инъикос менамояд. Ҳалли масъалаҳои бамиёнгузоштаро Сарвари давлат аз ҳиссиёти баланди ватандӯстонаи сокинони Тоҷикистон медонад. «Ман мегӯяд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қавӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътиқоди комил дорам». Модоме Сарвари давлат ба халқи худ боварию эътимод дорад ва медонад, ки сиёсати пешгирифтаи ӯ комилан тарафдорӣ мешавад, ояндаи дурахшони ин мулкро гуворо пеши рӯ меорад.

Қайд кардан мехоҳам, ки Сарвари давлат нисбат ба кормандони сохтору мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ низ боварию эътимод дорад. Аз якуми январи соли 2024 дар ҳадди 40 фоиз зиёд кардани музди меҳнати кормандони ҳифзи ҳуқуқ далели равшани ҳамин боварию эътимод мебошад. Маълум аст, ки амалӣ шудани қонунҳои давлат пеш аз ҳама ба кору пайкори кормандони ин ниҳод вобаста аст.

Пешвои миллат дар баробари ғамхориҳо дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифа мегузорад, ки ба ватани худ содиқона хизмат карданро қарзи виҷдонию имонии худ донанд, дар амали гаштани қонунҳои қабулгардида софдилонаю содиқона муносибат кунанд, бо ҳамин мақсад донишу малакаи ихтисосии худро пайваста такмил диҳанд. Пешвои миллат дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафтаи имрӯза масъалаи ташаккули маърифти ҳуқуқии шаҳрвандонро хеле зарур медонад. Воқеан агар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қонунҳоро донанд, адолатро риоя намоянд, дар ҳимояю ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, ҳалли тақдири онҳо хато намекунанд. Ҳамчунин зарур медонем қайд кунем, на ҳамаи шаҳрвандон уҳдадориҳои конститутсионии худро медонанд. Ин аз таҷрибаи судӣ аён мегардад.

Аз соли 2020 барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ роҳандози гардидааст. Ин барнома дар бадали даҳ сол бояд дар маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон натиҷаҳои мусбат диҳад. Барномаи мазкур кормандони ҳифси ҳуқӯқ, хусусан моро водор мекунад, ки дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон масъулиятро кофӣ зоҳир намоем.

Президенти мамлакат дар Паёми навбатии хеш ба мардуми соҳибмаърифату тамаддунсоз ва шарафманду сарбаланди мамлакат барои дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ва заҳмати аҳлонаву ободгарона сипосу миннатдории самимӣ изҳор намуда, баробари ин вазифаю уҳдадориҳои ҳар як фарди ҷомеа, аз коргари одӣ то худи Сарвари давлатро муайян месозад.

Баёни чунин нуктаи Паём ҷолиби таваҷҷуҳ аст: «Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд».

 

Холиқзода Б.Ҳ.,

Раиси суди ноҳияи Файзобод