УҲДАДОРИҲОИ МАСЪУЛИЯТТАЛАБ ДАР ҚОНУНИ “МАСЪУЛИЯТ…”

Қонунҳо бесабаб қабул намешаванд. Ва ҳар қонун масъулияти иҷроро талаб мекунад. Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”. Зарурати қабул гардидани қонун пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллию умумибашарӣ, пос доштану тарғиби фарҳангу анъанаҳои эътирофгардидаи мардумӣ, дар ин раванд ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Аён аст, ки давлат таълиму тарбияи фарзандро ба зима гирифта ҳамзамон ин амалро аз падару модар талаб менамояд. Қонуни мазкур ба таври возеҳу равшан ин вазифаву масъулиятҳоро муқаррар кардааст. Ба зиммаи мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаи вобаста ба таълиму тарбияи фарзандро танзим мекунанд, уҳдадориҳои масъулиятталаб гузошта шудааст, аз ҷумла онҳо бояд ба раванди таълиму тарбия дар низоми таҳсилоти умумӣ ва иловагӣ мусоидат намуда, оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо тадбир андешанд.

Боби 13-уми қонуни мазкур талаб мекунад, ки ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондани кӯдакон ва ба амали номатлуб даст задани онҳо, инчунин дар мавриди муайян кардани ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии кӯдак таҳдид менамояд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд, ки мақомоти дахлдори давлатиро огоҳ созанд.

Қонун вазифа, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд муқаррар кардааст. Масъулияти падару модар, хусусан дар уҳдадориҳои муайяннамуда возеҳ инъикос меёбад. Пешгирӣ намудани кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯча, дохили нақлиёт, манзили зист ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин роҳ надодан ба истифодаи ҷавоҳирот, зару зевар ва дигар ашёҳои қимматбаҳо аз ҷумлаи уҳдадориҳоест, ки аз падару модар маблағ не, фақат ғамхорию масъулиятро талаб мекунанд. Риояи пӯшидани либосҳои расмии мактабӣ низ ба уҳдадориҳои падару модар дахл дорад.

Мутаассифона, ин ва дигар уҳдадориҳои қонунии падару модар хуб иҷро намешаванд. Барои мисол, ҳарчанд аз қабул қонуни мавриди назар беш аз ёздаҳ сол гузашта бошад ҳам, пӯшидани либосҳои мактабӣ пуррагӣ ба расмият надаромадааст.

Инро ҳам бояд қайд кунем, ки аз хусуси кирдорҳои зидди ҷамъиятии кӯдакон, яъне рафторҳои бади онҳо ба мақомоти дахлдор, масалан, комиссияи ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия сари вақт хабар дода намешавад, бадахлоқии кӯдакон дар муассисаҳои таълимӣ мавриди муҳокимаи манфиатбахш қарор намегиранд. Падару модарон дар ислоҳи рафторҳои нохуби фарзандон кӯшиш намекунанд, бо ифодаи “Кӯдак аст, калон шавад, одам мешавад” уҳдадориҳои худро аз гардан соқитшуда меҳисобанд.

Қонуни мазкур дастури хеле муҳим барои ҳар хонаводаест, ки кӯдак ба дунё меорад. Таваллуди фарзанд дар оила аз рӯзҳои нахустин назди волидайн масъулияту ғамхорӣ, таълиму тарбияи дурустро пеш мегузорад. Таълиму тарбия аз ҷониби падару модар ва муассисаҳои таълимӣ боиси солимии ҷомеа, зиндагии осоишта ва хушбахтии инсонҳо мегардад.

Боиси қайд медонем, ки қонуни мазкур масъулияти мактабро дар бобати таълиму тарбия сабук намекунад. Мустаҳкам шудани робитаи мактаб бо оила пеш аз ҳама ба омӯзгорони таълимгоҳҳо вобаста аст.

 

Шодӣ НАЗАРЗОДА,
судяи суди ноҳияи Файзобод

 

Бознашр аз ҳафтаномаи
“Ҷавонони Тоҷикистон”,
№20(9758), 19.05.2022