Терроризм ва экстремизм – падидаи номатлуб

Терроризм ва экстремизм – падидаи номатлуб

Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаҳои асосии имруза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардуруғи диниву дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гуруҳҳои хурде буда, ба ҷомеъаи осоиштаи имруза бо хар гуна роҳҳо мехоҳанд зиён расонанд. Барои ин дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзуи асоси ба пайвастани шаҳрвандон ба гуруҳҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеъаи имрузаи мо мебошад. Маҳз ҳамин ҳолатҳо ба он оварда мерасонад, ки ҷавонони ноогоҳу бесавод ба доми фиреби чунин гуруҳҳои ифроти афтода, ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми хоҷагонашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳи аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ яке аз муҳимтарин омилҳои гумроҳшавии ин ҷавонон аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бо Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳими сол ва дурнамои соли минбаъда муроҷиат ва суханронӣ менамоянд. Ва дар ҳар Паём пеш аз баррасии вазъи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вазъи мавҷудаи байналмилалӣ ба таври мухтасар баён мегардад. Зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имруза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ хеле муташаниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам аз ҷумла давлати мо расидааст. Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ манфиатдор дониста мешаванд.

Имруз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои Шарқи наздик ба ватани мо низ таҳдид дорад. Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷи кишвар истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизионҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқоду интиқом қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки бо воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳои исломии ватанӣ, инчунин тавассути баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба доми худ афтонда ба муқобили ватану миллати худ барангезанд.

Барои ин моро зарур аст дар ин давраи ҳассос бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошем. Мо бояд ба насли ҷавон ва наврас тарзи ҳаёти солим, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Бештар ба забономузиву ҳунармандӣ ҷалб намоем, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Зеро қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарияти мамалакат ба ин табақаи ҷомеъа таваҷҷуҳи хоса дорад.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандусту ватанпарвар, миллатдусту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гуруҳҳои манфиатҷуе , ки дини мубини исломро ба тероризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муарифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу терористӣ ҳам ҷони худроаз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар кишварҳои мутаракии ҷаҳон ба ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (с.1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (с.2006), Конвенсияи созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (с.2006), ба тавсиб расидаанд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан ба зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.

Имруз танҳо муборизаи дастҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳоли бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

 

Судяи суди ноҳияи Файзобод

Назарзода Ш.Қ.