Дар паёми навбатии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз масъалаҳои мубрами рӯзро зикр намуданд, ки ин зуҳуроти номатлуби замони муосир терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мебошанд. Ин таъкид мо, шаҳрвандонро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Чунки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои динниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.
Хусусан ҷавонони мо, ки ҳоло ба маънои аслии зиндагӣ сарфаҳм намераванд ҳадафи мақсадноки ин идда гурӯҳҳо ва ташвиқгарон мегарданд.
Имрӯзҳо мо мебинем, ки аксарияти ҷавонон аз надонистан ва надоштани маълумоти кофӣ дар бораи дини ислом ба ҳар гуна ҷараёнҳои барои дин бегона мепайванданд.
Хоинони миллат то ба ҳол аз хориҷи кишвар ба тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил диҳанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бо нангу номуси кишвар бояд ҳушёру зирак бошанд.
Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳояш бо аҳли ҷомеа таъкид кард: «Рисолати таърихии дин-ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон. Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаандозӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқиву маънавию ахлоқӣ ва таҳамулгароии онро ба мардум ва махсусан ба ҷавонон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем».
Суханони Сарвари давлат моро водор мекунад, ки ба баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ, сиёсӣ, маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намоем. Зарур аст, ки ба мардуми шарифи тоҷик, хусусан ҷавонон, қадру мақоми зиндагии осоиштаро фаҳмонида, огоҳ созем, ки қадрношиносӣ ба арзишҳои миллӣ, носипосӣ ва ифротгароӣ ба нооромӣ ва қатлу куштор, мусофирату оворагӣ, дурӣ аз Ватан ва зиндонӣ гаштан оварда мерасонад.
Ҳар фарди соҳибхиради Тоҷикистон бояд бо дарки баланди ватандорӣ дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, баҳри сулҳу суботи ватани азизамон Тоҷикистон даст ба даст бошем.
Сулаймонзода Шамшод Аъзамшо,
судяи суди ноҳияи Файзобод
Бознашр аз рӯзномаи «Набзи Файзобод»,
№6 (5940), 7 марти соли 2023