Истиқлоли давлатӣ ҳамчун оғози марҳалаи нави ташаккули миллати тоҷик муҳаққиқону мутахассисони соҳаи илму фарҳангро водор менамояд, ки арзишҳову суннатҳои миллиро ҳифз намуда, дар роҳи эъмори ҷомеаи пешрафтаи дунявӣ тамоми талошу кӯшиши худро садоқатмандона сарф намоянд. Барои устувор кардани пояҳои давлати миллӣ бояд аз мероси гузашта ва имрӯзаи фарҳанги пурбору куҳани тоҷикон ончунон кор гирифт, ки андешаи ваҳдати миллӣ, муҳаббат ба Ватан, ҳифзи дастовардҳои истиқлол, ваҳдату худшиносии миллӣ дар саросари ҷомеа таъмин гардад. Ба таъбири Пешвои муаззами миллат, «ин рисолати бузурги ҳамаи афроди бедори Ватан ва қабл аз ҳама, зиёиёни кишвари азизамон мебошад. Аз ин рӯ, зиёиёни моро зарур аст, ки пайваста дар сафи пеши созандагӣ, эҳёи арзишҳои милливу инсонӣ ва густариши илму маърифат қарор дошта бошанд. Зиёиёни мо бояд ифтихор намоянд, ки замона ба дӯши онҳо вазифаи боифтихори ташаккул ва рушд додани афкори ҷомеаро гузоштааст». Адабиёти беш аз панҷҳазорсолаи мо ҳамвора ҳамчун виҷдони бедори худшиносии миллию фарҳангии мо будааст. Дар ҷаҳонбинии тоҷикон адабиёт, бавежа шеър, ҳамеша аз густараи зебоишиносии хеш берун рафта, ҳамаи соҳаҳои зиндагиро фаро гирифтааст. Шеъри порсии тоҷикӣ дорои донишҳои фалсафӣ, асотирӣ, таърихӣ, сиёсӣ, ҳунарӣ ва ирфонист. Ҳамин пурбории адабиёти порсии тоҷикист, ки таърихи пурифтихори гузаштаи моро ба ояндагон интиқол додааст. Аз ин рӯ, адабиёт авроқе хомӯшу беҷони иборат аз каломи бадеъ нест. Ҳар саҳифаи он саршор аз шинохти хосу зебоишиносона ва донишҳоест, ки аз қалби ҳассосу чашми нозукбину андешаи латифу зарифи суханвар берун омадааст. Адабиёт инъикос-кунандаи фарозу нишебҳои иҷтимоию фарҳангии ҷомеа, бозтобкунандаи бовар ва расму оини мардумони он дар давраҳои гуногун будааст. Авзои иҷтимоии ҳар марҳалаи таърихиро дар адабиёти он давра метавон омӯхт.Адабиёти бадеӣ беҳтарин ва таъсирбахштарин маҷмуаест, ки метавонад таърихи пурмоҷарои миллатро бо тамоми пирӯзиҳову нокомиҳо ва ситаму озорҳое, ки дар тӯли таърихи хеш кашидааст, таҷассум карда, арзиши воқеии истиқлол ва ҳувияти миллии имрӯзаи кишварро ба тасвири бадеӣ бикашад ва ба ин васила дар қалбу андешаи ҳар фарди ин зодбуми куҳан оташи ишқу алоқаро ба бунёдитарин арзишҳои муқаддаси ватандорӣ барафрӯзад. Дар замони муосир, махсусан, дар шароите, ки бархӯрди арзишҳои гуногуни фарҳангӣ торафт шиддат мегирад, шоиста нест, ки мо мазмуни асосии адабиётро, ки инсон аст, нодида бигирем, зеро танҳо ҷаҳони густардаву пуртазоди инсони муосир аст, ки сатҳи ҷаҳонбинии адиб ва тавоноиҳои халлоқияти ҳунарии ӯро месанҷад. Адабиёт дар тарбияи инсон, такомули шахсияти вай, шинохти ӯ аз неку бад, сайқал додани завқи зебоишиносии ӯ аҳаммияти вежа дорад. Адабиёт ба шахс имкон медиҳад, ки аз нигоҳи дигар ба ҳақиқати зиндагӣ бинигарад, аз ҷаҳони мутанаввеъи одамон огоҳ гардад, ахлоқро биомӯзад, аз таҷрибаи дигарон баҳра бигирад. Адабиёт дарвозаеро бар рӯйи инсон боз мекунад, ки бо гузаштан аз остонаи он ба ҷаҳоне комилан дигари саршор аз таҷормуби зиндагии дигаргуна ва саргузашти пурмоҷарои инсонҳо ворид шуда, шинохти ӯро аз ҳаёт бештар мекунад. Адабиёт мактаби бузурги таълиму тарбия аст, инсонро аз падидаҳои зиште мисли хушунат, ифротгароӣ, душманӣ бо тамаддуни муосир, бегонаситезӣ, ифротгароии динӣ, инсонбадбинӣ ва дигар олудагиҳои фикрӣ боз медорад. Тухми зиёновари нафрат ва бадбинӣ, азхудбегонагӣ ва тангназариҳои диниро, ки аз тарафи ҳар гуна ҳаракатҳои ба ном «динӣ» ва «мазҳабӣ» ба воситаи шабакаҳои ҷаҳонии таблиғотии гурӯҳҳои исломии ифротгаро дар тафаккури инсонҳо кошта мешавад, метавон аз тариқи бакоргирии дурусти мероси адабӣ дар фаъолиятҳои фарҳангӣ барчид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш пайваста таъкид мекунанд, ки «дар баробари ифтихор доштан бо ин мероси пурғановат ба ҳар яки мо зарур аст, ки онро амиқ омӯзем, ҳамаҷониба таҳқиқ кунем ва барои тарбияи ахлоқию фарҳангии наврасону ҷавонон васеъ истифода намоем. Зеро омӯзишу таҳқиқ ва тарғиби эҷодиёти ниёгони некноми мо беҳтарин восита ва пули пайвандкунандаи гузашта бо имрӯз мебошад. Ба имрӯзиён фаҳмонидани моҳияти аслӣ ва арзиши офаридаҳои ҷовидонии гузашта роҳи бисёр муассири ба камол расонидани насли ояндаи бедору ҳушманд ва худшиносу худогоҳ ба ҳисоб меравад».
Абдуллозода Меҳрон Худоёр
Корманди Суди ноҳияи Файзобод
Суди ноҳияи Файзобод 




