Даврони истиқлоли Тоҷикистон даҳҳо воқеаҳои таърихиро рӯи кор овард, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию иҷтимоӣ, ҳамчунин ҳуқуқӣ нақши муҳим мебозад.
Яке аз ин воқеаҳо баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Насли калонсол медонад, ки дар гармогармии соҳибистиқлолии Ватан бадхоҳони миллати тоҷик ҷанги шаҳрвандиро таҳмил карда, дар кишвари осудаи мо оташи онро аланга доданд. Вазъият дар пойтахти азизи мо шаҳри Душанбе хеле муташанниҷ гардид. Намояндагони халқ дар парлумони ҳамавақта пас аз вохӯрӣ бо неруҳои халқӣ моҳи октябри соли 1992 ба қарор омаданд, ки Иҷлосияи навбатии Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардад. Иҷлосия 16-уми ноябр оғоз гардида корашро 2 декабр ба анҷом расонд.
Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олиро иҷлосияи тақдирсоз ном мебаранд. Ва суоле ҳам ҳаст, ки агар ин воқеаи муҳим рух намедод, миллати мо дар чӣ ҳолат қарор медошт? Андешаҳоро ин тавр хулоса кардан метавон: миллати тоҷик Истиқлоли ба тозагӣ соҳибшудаи худро аз даст медод ва ин, чи тавре аён аст, ба хости дили душманони миллат мешуд. Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олӣ ҳарчанд қарорҳои муҳим қабул карда, дар Хуҷанд «Оши оштӣ» дода бошанд ҳам, вазъ дар кишвар чандон хуб нагардид. Бо вуҷуди ин бояд эътироф кард, ки иҷлосияи Қасри Арбоб ба сӯи сулҳу сафо ва ояндаи дурахшони давлату миллати тоҷик равзана боз намуд.
Бояд бигӯем, ки интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ падидаи нодири Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳисоб мешавад, ба ин маънӣ, ки ҳукумати таъсисдодаи ин сиёсатмадори тавоно сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллиро таъсис дода, беш аз як миллион муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонд, Натиҷаи бадастомада ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут аст. Иҷлосияи 16-ум ин абармардро интихоб карда, оқилона тақдири ояндаи миллатро ба ихтиёраш дод. Аз ин нигоҳ метавон гуфт, ки Иҷлосияи Хуҷанд барои барқарорсозии сохти конститутсионии мамлакат, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон таҳкурсии мустаҳкаму устувор гузошт ва барои расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ замина фароҳам овард.
Шодӣ НАЗАРЗОДА,
судяи Суди ноҳия