ПИРӮЗӢ БА ТЕРРОРИЗМ ДАСТАҶАМЪИИ МОСТ

ПИРӮЗӢ БА ТЕРРОРИЗМ ДАСТАҶАМЪИИ МОСТ

 

Ҳоло яке аз масъалахои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ин терроризм ва ифротгарои мебошад.

Терроризм ва ифротгарои яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад.

Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад онро бояд мо ҷавонон қабул накунем, зеро он ҳӯқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандоро поймол менамояд.

Омилҳои пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб ин бехабар будан аз маърифати ҳуқӯқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон буда, ки боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад.

Мо шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки фирефтаи таблиғоти бадхоҳони миллати тоҷик нагардида, ҳамеша зирраку ҳушёр буд, барои ҳимояи манфиати халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошем.

Бо назардошти саҳми арзанда доштани ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат аз ҷониби Асосогузори Сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро дар кишвар “Соли ҷавонон” эълон гардид.

Ин қадршиносӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Сарвари давлат ба ҷавонон эҳтироми самими дошта, ба мо ҷавонон эътимоду боварии калон дорад.

Бинобар ин мо ҷавонон бояд сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, Асосогузори Сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгири намуда, ҷиҳати иешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро доир ба арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, таҳкими сулҳу суббот саҳмгузор бошем.

Ҷиҳати амали намудани дастуру ҳидоятҳои Асосогузори Сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Суханрониашон дар конфронси байналмиллалии сатҳи баланд дар мавзуи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» (4 майи соли 2018) дар Суди ноҳияи Файзобод нақшачорабиниҳо таҳия гардида дар асоси он аз ҷониби кормандони суд бо сокинони ҳудуд ҷамоатҳои шҳрку деҳоти ноҳияи суҳбату вохӯриҳо гузаронида мешавад.

 

Раиси суди ноҳияи Файзобод

Холиқзода Б.Ҳ.