Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 28 декабри соли 2024 дар бинои нави мақоми қонунгузории мамлакат- Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.
Ҳамаи масъалаҳои дар Паёми навбатӣ зикр шуда воқеан ҳам масъалаҳои калидӣ ба ҳисоб рафта , яке бо дигаре пайванди ногусастанӣ дорад ва дар маҷмуъ ҳама ба хотири боз ҳам боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвари азизамон таҳия гардида, амалӣ карда мешаванд.
Паёмҳои Президент ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷатҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии дорои мақоми конститутсионӣ-ҳуқуқӣ ва стратегӣ буда, барои такмили сиёсати ҳуқуқии кишвар дар замони муосир аҳамияти бузург доранд.
Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз чораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, мафкуравӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади танзими самараноки муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи минбаъдаи онҳо роҳандозӣ мешавад. Хусусиятҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои татбиқи ҳуқуқ ташкил медиҳанд. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот бо самтҳои асосии сиёсати давлат амалӣ гардида, заминаи ҳуқуқии сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва самтҳои дигари сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28 декабри соли 2024 ироа гардид, кулли самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро фаро гирифта, вазифаҳо барои соли 2025 ва солҳои минбаъдаро низ ифода менамояд. Бо назардошти нақши Паёми Президент дар таҳкими сиёсати ҳуқуқии кишвар онро метавонем фарогири се ҷанба маънидод намоем:
1. Таҳлилу баҳодиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда.
2. Пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда.
3. Пешниҳоди қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар таҳрири нав ва ё қабули санади нав.
Зикр намудан ба маврид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” 25 декабри соли 2015, таҳти № 1269 қабул шуда, асосҳои ҳуқуқии гузаронидани санҷиш, тартиб ва расмиёти ягонаи гузаронидани он, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор, шахсони мансабдори мақомоти санҷиширо муқаррар намуда, ба ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, муҳити зист, амнияти миллӣ ва ҳимояи фаъолияти субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда, новобаста ба шакли моликияташон, равона карда шудааст.
3. Пешниҳоди қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар таҳрири нав ва ё қабули санади нав. Дар паёми соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд, ки: “Пешниҳод менамоям, ки бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шавад”.
Дар асоси дастури мазкур 10 январи соли 2025, №915 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” қабуд карда шуд, ки мутобиқи он ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шуд.
Дар асоси таҳлили мисолҳои мушаххас бо далел баён менамоем, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси василаи ҳуқуқии таҳкими сиёсати ҳуқуқии ҷумҳурӣ баромад менамояд.

Абдуллозода Меҳрон Худоёр
Корманди суди ноҳияи Файзобод