ҚОНУН БА НАФЪИ ҶОМЕА

Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод шуд ва санаи 8 июни соли 2007 қабул гардид, ки он ба зиндагии мардум, баргузории маъракаҳо сабукӣ оварда, барои сарфаю сариштакорӣ ва афзоишу зиёдшавии дороии аҳолии кишвар мусоидат намуд.

Мақсади асосии қонуни мазкур таъмин намудани нуфузи бештари суннатҳои фарҳангиву арзишҳои мардумӣ ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ, пешгирии исрофкорӣ, беҳтар намудани шароити зиндагии мардум буд, ки таҷриба ин мақсадро собит намуд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари ғамхори миллат, барои таъмини зиндагии осудаи мардум тамоми чораҳои заруриро андешида, бо аҳли зиё, уламои дин ва фаъолони кишвар машварат намуда, ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи харчи зудтар халос кардани мардум аз ин вазниниҳо қабули қонуни миллӣ зарур аст.

Қабули қонуни мазкур ба мардум сабукиҳои зиёде оварда он ба беҳтар кардани вазъи иқтисодию иҷтимоии мардум, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои сокинони кишвар мусоидат намуд.

Таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки бештари ин категорияи ҳуқуқвайронкуниҳо зимни гузаронидани маросими дафну азодорӣ ба миён омадааст.

Моддаи 11 Қонуни мазкур ба маросими дафну азодорӣ бахшида шуда дар он дарҷ шудааст:

1.Маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат мегирад.

2.Маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешаванд.

  1. Дар маросими дафну азодорӣ забҳи чорво ва додани таом, ташкили «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист», «шашмоҳагӣ», ҳамчунин додани пули нақд ва дигар ашё, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй манъ аст.
  2. Тартиби гузаронидани маросими дафну азодориро мақоми ваколатдор муайян мекунад.

Дар қисмҳои дахлдори моддаи зикршуда амалҳое, ки барои соҳиби майит вазнинӣ меорад ва мухолиф ба дастуроти шариатанд, манъ карда шудааст.

Ҳамаи ин ҳолатҳои зикршуда танҳо сабукиҳо барои сокинони ватанамон мебошанд, вале ҳоло ҳам гуруҳҳои алоҳидаи ҷомеъа сарфаю сариштакориро ба дурустӣ дарнаёфта талаботии қонуни мазкурро ба пуррагӣ риоя намекунанд.

Аз ин рӯ судяҳои Суди ноҳияи Файзобод барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамеша, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки парвандаҳои ҷиноятӣ, оилавӣ, гражданӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар маҷлисҳои сайёри судӣ, яъне дар маҳалҳо баррасӣ намоянд, зеро чунин тарзи баррасии парвандаҳо ба пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, кам гардидани баҳсҳои оилавию гражданӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат мекунад.

 

Раиси Суди
ноҳияи Файзобод
Холиқзода Б.Ҳ.