НЕЪМАТИ БУЗУРГИ МИЛЛАТ

Дар саҳифаҳои матбуоти тоҷик чашм ба ин ҳарфҳои самимии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон во мехӯрад, ки иброз доштаанд: “Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард’’, “Ба хонадони ҳар яки шумо сулҳ меорам!, “То як тоҷик берун аз Ватан қарор дорад, ман худро ором ҳис карда наметавонам…”.

Оре, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соатҳои аввали Роҳбари давлат интихоб гардиданашон, вақте ки Тоҷикистони тозаистиқлол ноором шуду ҳамватанони мо иҷборан ба Афғонистон ва дигар мулки ҷаҳон фарор карда буданд, ин ифодаҳоро ба сифати қасам ба забон оварданд. Бо ифтихор зикр мекунем, ки ин шахси бекинаю дарёдил ба ваъда вафо кард.

Дар суханони болозикри муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимияти баланди ватандӯстӣ ҷой дошта, амалҳои содиқонаи ӯ нисбат ба ободию шукуфоии Ватани азизи мо – Тоҷикистони маҳбуб рӯшан мегарданд.

Халқи тоҷик ба Ваҳдати миллӣ ҳамчун ба беҳтарин рӯзҳои таърихии ҳаёти мамлакат арҷ мегузорад. Тантанаи бошукӯҳи ҳамасолаи Рӯзи Вахдати миллӣ шаҳодати ҳамин арҷу эҳтиром мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баҳои созишнома мегӯянд: “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ Истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт”.

Мо аз Ваҳдати миллӣ ҳарф зада, воқеаҳои мудҳиши солҳои навадуми асри гузаштаро пеши назар наоварда наметавонем. Воқеаҳои солҳои навадум харобиҳои сангин овард, ки Ҳукумати Тоҷикистон, мардуми хирадпешаи тоҷик дар барқарор кардани ин хисорот сахт заҳмат кашиданд. Мо дар воқеаҳои солҳои 1992-1997 қариб 150 ҳазор нафарро аз даст додем. Бисту панҷ ҳазор зан бешавҳар ва 55 ҳазор кӯдак бепадар монд.

Ваҳдати миллӣ моро ба тараққиёту пешрафт расонд. Мо бояд ба ин неъмат арҷ гузорем ва дар таҳкимаш саҳм гузорем.

 

Бахтиёр ХОЛИҚЗОДА,
Раиси суди ноҳияи Файзобод

 

Бознашр аз ҳафтаномаи
“Ҷавонони Тоҷикистон”,
№25(9763), 23.06.2022