Истиқлолият ва нақши барҷастаи Пешвои миллат

Соҳибистиқлолӣ олитарин арзиши миллӣ дар тамаддуни давлатдории тоҷикон маҳсуб меёбад. Таҳкиму густариши он ба ному пайкори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.

Дар муддати қариб 30-солаи Истиқлолияти давлатӣ бо шарофати сиёсати дурандешонаи фарзанди фарзонааш миллати мо ба зиндагии шоиста сазовор гардид. Мамлакат сол то сол хурраму шукуфон, ободонӣ вусъати тоза дорад. Дар байни халқ сулҳу салоҳ поя гузоштааст. Барои боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардум давра ба давра Стратегияи рушди миллӣ амалӣ гашта истодааст.

Давоми арзёбии Истиқлолияти миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро 190 кишварҳои дунё эътироф намуданд.

Роҳбари мамлакати моро давлатдорони Аврупо ба ҳайси як тан сиёсатмадори бузург шинохта, иқдомҳои пешқадамаш аз минбари СММ пазируфта мешавад.

Дар бобати нақши мондагори ин шахсияти барҷаста ҳар қадар сухан бошад гуфтан ҷоиз аст. Зеро тамоми матонаташ бо заковати фитриаш баҳри эҳёи миллат, устуворсозии мустақилияти он имрӯзу фардои диёри аҷдодии мо нигаронида шудааст.

 

Холиқзода Б.Ҳ.

Раиси суди ноҳияи Файзобод