БАРГУЗОРИИ ТРЕНИНГ

Санаи 29 ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе бо ҷалби кормандони дастгоҳҳои Суди Олӣ, судҳои шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб ва Файзобод дар мавзӯи истифодабарии сомонаҳои судҳо омӯзиши интерактивӣ баргузор гардид.

Дар тренинг мутахассисони соҳа ба ширкаткунандагон тарзи омода ва ворид намудани маълумот ба сомонаҳоро омӯзониданд.