Имрӯз дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия вохӯрии навбатӣ бо иштироки судяи Суди ноҳияи Файзобод Сулаймонзода Шамшод Аъзамшо , кормандони дастгоҳи Суди ноҳияи Файзобод, директор, омӯзгорон, аҳли волидайни хонандагон ва худи хонандагони муассиса баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳим вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак, масъулияти падару модар дар таъмини таҳсилоти ҳатмӣ, назорати рафтору кирдори фарзандон, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон, инчунин роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гуруҳҳои ифротгаро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки беэътиноӣ нисбат ба таълиму тарбия метавонад боиси ҷавобгарии маъмурӣ гардад.
Судя ва кормандони дастгоҳи суд зимни баррасии мисолҳои мушаххас аз таҷрибаи судӣ зарурати ҳамкории зичи муассисаи таълимӣ бо волидайн ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таъкид намуда, аз аҳли ҷамоатчигӣ даъват ба амал оварданд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас бетараф набошанд. Дар фарҷоми чорабинӣ миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои волидайн ва омӯзгорон посухҳои мушаххас дода шуд. Чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон мусоидат намуда, дар таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ ва тарбияи насли солиму ватандӯст нақши муҳим мебозанд. Судя ва кормандони дастгоҳи суд доир ба шарҳу тавзеҳи Қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумуҳурии Тоҷикистон, оиди терроризму экстремизм ҳамчун хатари ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон дар шароити имрӯза ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз баромад намуда, ба суолҳои сокинон ҷавобҳои мушаххас гардониданд.




Суди ноҳияи Файзобод 




