Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмуҳтавотарин ҷашнҳои башарият ба шумор меравад, ки таърихи беш аз шашҳазорсоларо дар бар мегирад. Ин ҷашни бостонӣ аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав ва таҷдиди умеду орзуҳои инсон таҷлил мегардад. Бо фаро расидани баҳор, табиат аз нав зинда мешавад, замин сабз мегардад ва инсон низ бо руҳияи тоза ба зиндагӣ қадам мегузорад. Наврӯз дар фарҳанги мо мардуми тоҷик ҷойгоҳи хос дорад. Ин ҷашн на танҳо анъанаи қадимаи ниёгон, балки рамзи фарҳанг, худшиносӣ ва пайванди наслҳо мебошад. Дар ин рӯз мардум бо орзуҳои нек, дилҳои пок ва нияти ободкорӣ ба пеш менигаранд. Аз ҳамин ҷост, ки Наврӯз ҳамеша ҳамчун ҷашни дӯстӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ қадр мегардад.
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯз дар Тоҷикистон мақоми баланд касб кардааст. Имрӯз ин ҷашни бостонӣ на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ низ бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар Наврӯз аз ҷониби Созмони милали муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид, ки ин иқдом далели арзиши умумибашарии он мебошад.
Ҷашни Наврӯзро мардумони ориёӣ дар масири таърихи зиёда аз шашҳазорсола бо як ҷаҳон орзу ва таманниёт барои беҳбудии рӯзгор ва сафои бахти сафеду осоиштагӣ таҷлил менамуданд. Воқеан, Наврӯз ҷашни эҳтиром аз ҷойгоҳи табиат ва бузургдошти сайёраи Замин аст, ки баъди карахтии сармои зимистон ба мисли инсон аз хоб бедор мешавад ва андешаи ӯро ба таҳрик меорад. Наврӯз ин набзи сайёраи Замин буда, дар гирди Офтоб як даври пурраи соли астрономиро паси сар мекунад ва дар моҳи фарвардин ба ҷойгоҳи аслии худ бармегардад. Агар ба таърих, оину русум ва ҷашну сурҳои ҷаҳониён бингарем, мушоҳида менамоем, ки аз давраҳои бостонӣ то кунун ҳеҷ ҷашне ба дараҷаи Наврӯз дар байни қавмҳои ориёӣ дар равнақу шукӯҳ набудааст. Дар ҳар давру замон тоҷикон расму оинҳои худро аз насл ба насл интиқол медоданд ва кӯшиш мекарданд, ки бо боварҳои асотирии худ ба неруи бадӣ, яъне аҳриманӣ таъсир расонанд, то дар соли нави оянда дар рӯзгори пур аз шодмонӣ зиндагӣ кунанд. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ ва оини муқаддаси ниёгон мазмуну шукӯҳи тоза пайдо кард. Ин аст, ки ҷашни Наврӯз ҳамасола дар сарзамини биҳиштосои мо дар фазои мубораки истиқлолу ваҳдати миллӣ бо самимияти хосса ва шукргузории том таҷлил мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо ба аҳамияти таърихӣ ва фарҳангии ҷашни Наврӯз ишора намудаанд. Роҳбари давлат таъкид мекунанд, ки Наврӯз ҷашни покиву созандагӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад. Чунончи, дар яке аз суханрониҳои худ чунин изҳор доштаанд: «Наврӯз ҳамчун ҷашни ниёгон моро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳнатдӯстӣ ва ободкорӣ ҳидоят менамояд». Ин андешаҳои олӣ гувоҳи медиҳанд, ки Наврӯз танҳо як ҷашни суннатӣ нест, балки мактаби ахлоқӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки мардумро ба арзишҳои олии инсонӣ раҳнамун месозад. Дар замони муосир Наврӯз ба як падидаи муҳими фарҳангӣ ва иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Дар арафаи ҷашн мардум хонаҳоро пок мекунанд, дарахт мешинонанд, ба якдигар кумак мерасонанд ва бо рӯҳияи созандагӣ ба истиқболи баҳор мебароянд. Ин анъанаҳо нишон медиҳанд, ки Наврӯз мардумро ба меҳнат, ҳамдилӣ ва ободонии Ватан ташвиқ менамояд. Дар ин маврид чи тавре, ки Президенти кишвар таъкид намудаанд: «Наврӯз ҷашни сулҳ, дӯстӣ ва эҳёи суннатҳои неки ниёгон мебошад, ки моро ба қадршиносии арзишҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа раҳнамун месозад». Дар ҳақиқат, имрӯз Наврӯз ба ҷашни ҳамбастагии халқҳо табдил ёфтааст. Он рамзи дӯстии миллатҳо ва ҳамзистии фарҳангҳои гуногун мебошад. Мардумони кишварҳои гуногун ин ҷашни бостониро бо эҳтиром ва шодмонӣ таҷлил мекунанд, ки ин худ далели арзиши умумибашарии Наврӯз аст. Мусаллам аст, ки Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳимми пайвандгари наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯза, эҳёи анъанаҳои зебопарастӣ, инсондӯстию берун сохтани кинаҳо, хамдигарбахшӣ ва дӯст доштани марзу буми худ ва баҳори зиндагии пас аз сардиҳову сахтиҳои зимистон, ибтидои умеду орзуҳои нав барои расидан ба саодатмандиву хуррамии рӯҳу қалб мебошад. Бинобар ин Наврӯз самимитарин, муборактарин ва бошукуҳтарин ҷашни қадими ва дӯстдоштанӣ мебошад. Дар ҳама давру замон шоирони чӣ классик ва чӣ муосир мавзуи Наврӯзу Баҳорро бо як маҳорату шавқи хоси шоирона, бо эҳсосоти баланду қалби саршори пур аз шодмониву меҳрафзо васфу тараннум кардаанд. Бо ҳамин маънӣ, Наврӯз ҷашни умеду орзуҳои нек, ҷашни сулҳу дӯстӣ ва ҷашни зиндагии ҷовидонаи инсон аст.
Хулоса, дар ҷашни Наврӯз дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон дастархони идона ороста, таъомҳои гуногуни миллӣ мепазанд ва хурду бузург хурсандона ин идро ҷашн мегиранд. Ҳамасола рузи 21-уми март ҷашни Наврӯз дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон бо як шукуҳи хоса дар сатҳи баланди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин иди бошукӯҳ ба мардуми тоҷик барору баракат хоҳонем.
Назарзода Шодӣ Қурбон
Судяи суди ноҳияи Файзобод.
Суди ноҳияи Файзобод 




