МОДАР — ГАНҶИ БЕБАҲОИ ЗИНДАГӢ

Модар азизтарин ва муқаддастарин шахс барои ҳар як инсон мебошад. Ӯ сарчашмаи меҳру муҳаббат, тарбия ва зиндагии солим аст. Дар фарҳангу суннати мардуми тоҷик эҳтироми модар мақоми хеле баланд дорад. Модар барои фарзанд намунаи сабр, меҳрубонӣ ва фидокорӣ мебошад. Ӯ шабҳои зиёд бедор мемонад, то фарзандаш дар осоиш бошад. Ҳамаи орзуву умеди модар ба ояндаи неки фарзандонаш вобаста аст. Аз ҳамин сабаб, эҳтироми модар қарзи ҳар як инсон мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки тӯли таърих шоирону нависандагон бузургии модарро ба ҳар шакле васф кардаанд. Яке модарро фариштаву дигаре болотар аз фаришта унвон додаанд. Вале бояд гуфт, ки андар ситоиши модар ҳама аҳли эҷод оҷизанд. Зеро бузургии модар бебаҳост ва ӯ васфи азамати ӯ нотамом боқӣ мемонад.
Ба қавли Уруди Бузург, меҳмониҳои фаровон аз арзиши одамӣ мекоҳад, магар дидори падару модар. Воқеан, ягона ҷое, ки моро ҳамеша интизоранд ва эҳсоси оромиш мекунем, ин хонаи падару модар ва дидори мубораки онҳост.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи ҳифзи ҳуқуқ ва баланд бардоштани мақоми занону модарони тоҷик ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлат қарор дорад.
Пешвои миллат дар суханрониҳои худ таъкид менамоянд, ки модари тоҷик дар тӯли садсолаҳои зиёд фарзандони фарзонаеро ба дунё овардаву ба камол расонидааст, ки онҳо бо ақлу заковат ва нури хиради хеш роҳи зиндагии аҳли башарро боз ҳам мунаввар сохтаанд. Ҳамду сано ба зан — модар, ки муҳаббати ӯ интиҳо надорад ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои ӯст.
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Пешвои миллат дар кишвар Рӯзи Модар ҳар сол бо тантана таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн нишонаи эҳтиром ва қадршиносӣ ба модарону занони тоҷик мебошад. Дар ин рӯз модарон бо суханони гарму самимӣ, гулдастаҳо ва эҳтироми хос қадрдонӣ карда мешаванд.
Ғамхорӣ ба модарон танҳо дар ҷашнҳо маҳдуд намешавад. Давлат барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо, фароҳам овардани шароити кор, таҳсил ва фаъолияти ҷамъиятӣ чораҳои зиёде меандешад. Имрӯз занону модарони тоҷик дар рушди иқтисод, илм, маориф ва фарҳанги кишвар саҳми арзанда доранд.
Хулоса, ғамхорӣ ба модар ва эҳтироми ӯ яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи мо мебошад. Бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мақому манзалати модар боз ҳам баланд гардида, шароити зиндагии онҳо сол ба сол беҳтар мегардад. Зеро эҳтироми модар — эҳтиром ба ҳаёт ва ояндаи миллат аст.
Бо истифода аз фурсат тамоми модарону бонувони саодатманди тоҷикро ба ифтихори Рӯзи Модар, ки ба фасли зебои баҳор рост меояд, самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ ва ҷиҳати ба камол расонидани насли ояндасози миллат муваффақиятҳои бесибиқа мехоҳем. Зеро ояндаи дурахшони давлату миллат ва рушди тамоми соҳаҳо аз насли донишманду соҳибҳунар вобастагӣ дорад ва пӯшида нест, ки дар сарчашмаи камолоти ҳар инсон ва омода кардани ҳар як мутахассис пеш аз ҳама модар қарор дорад.

Абдуллозода Меҳрон Худоёр.
Котиби маҷлиси судии
Суди ноҳияи Файзобод.