ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ЗАМИНАИ РУШДИ ҚОНУНГУЗОРӢ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳар сол дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад, ки дар он афзалиятҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва вазифаҳои стратегии давлат барои марҳилаҳои минбаъда муайян мегардад. Аз ин лиҳоз, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун заминаи устувори рушди қонунгузорӣ ва такмили низоми ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши калидӣ дорад. Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, ки арзишмандтарин дастоварди давлатдорист, ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ – бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид. Рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа аз самаранокии сиёсати ҳуқуқии кишвар вобастагии зиёд дорад. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат бе таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ имконнопазир аст. Зимнан, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тақвияти соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллӣ, таҳкими идоракунии давлатӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди маориф ва илм, фарҳанг, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, баробарӣ ва гуногунии шаклҳои моликият, рушди соҳибкорӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа вазифаҳои аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз чораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, мафкуравӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади танзими самараноки муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи минбаъдаи онҳо роҳандозӣ мешавад. Хусусиятҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои татбиқи ҳуқуқ ташкил медиҳанд. Сиёсати ҳуқуқии кишвар дар иртибот бо самтҳои асосии сиёсати давлат амалӣ гардида, заминаи ҳуқуқии сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва самтҳои дигари сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Тавре дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 таъкид гардид: «Нақши қонунгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар ва таъмин намудани рушди устувору босуръати он, амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ басо муҳим ба шумор меравад. Аз ин рӯ, таҳлили ҳамаҷонибаву пайвастаи қонунгузорӣ ва таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати такмили он барои иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар зарур мебошад». Чунин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти калидии қонунгузориро дар рушду пешрафт ва устувории давлат хеле возеҳу равшан ифода менамоянд. Қабл аз ҳама, таъкид мегардад, ки қонунгузорӣ на танҳо маҷмуи қоидаҳо, балки асоси амалии татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Ҳадафҳои стратегӣ, аз қабили таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, бидуни мавҷудияти қонунҳои мукаммал ва ҷавобгӯй ба талаботи замон амалӣ шуда наметавонанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд чунин муҳитро фароҳам оваранд, то ки рушди устувору босуръат таъмин гардад ва манфиатҳои давлату ҷомеа ҳифз шаванд. Дар идомаи каломи хеш Пешвои миллат зарурати таҳлили ҳамаҷониба ва пайвастаи қонунгузориро махсус таъкид карданд. Ин маънои онро дорад, ки қонунҳо бояд мунтазам бозбинӣ ва такмил дода шаванд, то мутобиқатии онҳо ба воқеиятҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъмин гардад. Зеро тағйирёбии шароити ҷомеа ва ба вуҷуд омадани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ талаб менамояд, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ такмил ёбанд. Ҳамзамон, таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати такмили қонунгузорӣ ба иҷрои барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кумак хоҳад намуд. Албатта, қонунгузории самаранок метавонад барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя, рушди соҳибкорӣ, беҳтар гардидани сатҳи зисту зиндагонии аҳолии мамлакат, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд заминаи ҳуқуқии устувор гузорад. Умуман чунин гуфтаҳои Сарвари оқилу хирадманд бозгӯйи онанд, ки қонунгузорӣ омили асосии татбиқи сиёсати давлатӣ буда, такмили пайвастаи он шарти муҳимми рушди устувор, амнияти ҷомеа ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Ҳамчунин, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардидани як қатор санадҳои қонунгузорӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ таъкид гардид. Дар Қонуни зикргардида мафҳуми қонунгузорӣ чунин маънидод шудааст: «Қонунгузорӣ – санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар маҷмуъ ё дар соҳаи муайян танзим мекунанд». Тавре аз мафҳуми қонунгузорӣ маълум гардид, тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фарогири ин мафҳуманд. Мафҳуми санади меъёрии ҳуқуқӣ низ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» инъикос шудааст. Тибқи он санади меъёрии ҳуқуқӣ – ҳуҷҷати расмии шакли муқарраршудаест, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ё аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё шахси мансабдори ваколатдори давлатӣ қабул гардида, хусусияти умумиҳатмӣ дорад ва меъёрҳои ҳуқуқиро муқаррар менамояд, тағйир медиҳад ва ё бекор мекунад. Зери мафҳуми умумиҳатмӣ будани санади меъёрии ҳуқуқӣ – иҷрои ҳатмии санади меъёрии ҳуқуқии бо тартиби муқарраршуда қабулгардида ва мавриди амал қарордодашуда аз ҷониби ҳамаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад. Ҳамин тавр, метавон хулоса баровард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади сиёсӣ, балки сарчашмаи муҳимми рушду инкишофи қонунгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад. Паёми Президенти мамлакат чун барномаи амал барои такмили низоми ҳуқуқии миллӣ хизмат карда, ба инкишофу пешрафти устувори давлат ва ҷомеа мусоидат хоҳад намуд.

Абдуллозода Меҳрон Худоёр
Котиби маҷлиси судии
Суди ноҳияи Файзобод.