Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 садо дод, албатта, иқдоми бамаврид ва илман асоснокшуда маҳсуб мешавад. Зеро ҳаёти инсон доим дар ҳолати такмил ёфтан қарор дорад ва вобаста ба ин талаботу ниёзи мардум ҳам пайваста тағйир меёбад.
Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эътимоди давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми ҷумҳуриро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад».
Дар идомаи моддаи 1 Констутитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз таъкиди он ки Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, чунин омадааст: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣбуда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».
Мафҳуми “Маърифати ҳуқуқӣ” дар назари аввал мураккаб буда, барои моҳият фаҳмиш он дар асл мушкили надорад амалҳои ҳаррӯзаи ҳар шахс- шуруъ аз сокини муқаррарӣ то масъули сатҳи гуногуни роҳбариро дар доираи қоидаҳо, қонунҳо, инчунин риояи меъёрҳои умумибашарии қабулшуда талаб менамояд.
Бояд тазакур дод, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон кори саҳлу осон нест, балки аз ҷиҳати ҳуқуқӣ бомаърифатро наметавон дар як рӯз ё як солу панҷ сол тайёр намуд. Ин раванд дар ҳамбастагӣ бо оила, мактабу маориф ва иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа метавонад самари нек ба бор оварад.
Мо бояд дарк намоем, ки таъсир расонидан ба муҳити зист-ин таъсиррасонӣ ба зиндагии шахс аст ва ин таъсир мутақобила мебошад. Як намунаи дигар барои дарки осони маърифати ҳуқуқӣ метавонад маърифати оиладорӣ бошад. Эҳтироми падару модар, тарбияи дурусти фарзанд, риояи тартибу низом, дур будан аз амали бад, гуфтори зишту рафтори қабеҳ дар маърифати оиладории миллати тоҷик аз азал бо роҳи ирсӣ омада, муайян ва қабул шудааст. Ҳамчунин метавон аз маърифати исломӣ гуфт, ки тибқи он ҳар мусулмон рукнҳои динро ба ҷо меорад.
Маврид ба ёдоварӣ аст, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти олии мамлакат қарор дошт. Чунончӣ, 5 ноябри соли 2009 зимни суханронӣ ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буданд: «Эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқӣ тақозо менамояд».
Самти умедбахши рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ин масир ташаккул ва рушди низоми пешрафтаи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад, ки ба ҳалли масоили мубрами ҷомеи муосир мусоидат менамояд.
Аз ин рӯ, иҷтимоишавии ҳуқуқӣ на танҳо ҳадаф, балки натиҷаи интизории таъсири маърифати ҳуқуқӣ мебошад. Тарбия ва маърифати ҳуқуқӣ ҳам шакл ва ҳам воситаи таъсиррасонӣ буда, ба раванди худтарбиякунии шахсият ҳавасмандӣмебахшанд ва замина мегузоранд, ки ба иҷтимоишавии пурраи ӯ шароит фароҳам оварда шавад ва муттасилии ин раванд таъмин гардад.
Таърихи инсоният собит менамояд, ки маърифати ҳуқуқӣ фаъолияти мақсаднок ва мунтазами давлат ва ҷомеа оид ба ташаккул ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣмебошад.
Абдуллозода Меҳрон Худоёр
Котиби маҷлиси судӣ