Аз толори суд

Сокини ноҳияи Файзобод Қ.С.С. падари ду фарзанд будаву маълумоти олии нопурра дорад.

Ӯ рӯзи 16-уми октябри соли 2022, соати 15:30 дақиқа ҳамдеҳааш Г.М.И.-ро дар манзили истиқоматиаш аз рӯйи ҳиссиёти авбошӣ дашномҳои қабеҳ дода, аз гиребонаш гирифтаву якчанд маротиба дар сар, рӯй ва дигар аъзои бадани ӯ мезанад. Ин амали авбошӣ ба саломатии Г.М.И. ҷароҳати ҷисмонӣ расондааст.

Мувофиқи хулосаи экспертизаи тиббӣ-судӣ ҷароҳати ҷисмонии бадани Г.М.И. дар намуди осеби омехта, осеби пӯшидаи косахона ва майнаи сар, ларзиши майнаи сар, осеби пӯшидаи қафаси сина, шикасти пӯшидаи қабурға бо беҷошавӣ, захмҳои латхӯрдаи пёшонаву абрӯ аз тарафи рост ва пешангушти дастпанҷаи рост, зарбахӯрии себаки чашм аз чап ва хуномосҳо, ба зарари миёна ба саломатӣ мансуб мебошад.

Ана ҳамин кирдори авбошонаи Қ.С.С. ҷинояти дар моддаи 237 қисми 2 банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои содир намудани ҷинояти авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо зӯроварӣ ба шаҳрванд ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, ки боиси ворид намудани зарари миёна ба саломатӣ гардидааст, алоқаманд мебошад, содир намудааст.

Албатта ҳар кор пушаймонӣ дорад. Судшаванда Қ.С.С. дар маҷлиси судӣ хаттӣ ариза пешниҳод намуда, изҳор кард, ки ба гуноҳаш иқрор асту аз кирдори содиркардааш самимона пушаймон мебошад, аз ҷабрдида бахшиш пурсидааст.

Ҷабрдида Г.М.И. даъво надоштанашро нисбати Қ.С.С. ба суд хаттӣ баён дошта хоҳиш намудааст, ки парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 310 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ баррасӣ карда шуда, нисбаташ ҷазои ғайриҳабсӣ таъин карда шавад.

Суд бори аввал ҷиноят содир намудан, инчунин аз кирдори кардааш сидқан пушаймон шуданаш ва дар тарбияаш фарзандони ноболиғ доштанашро ба инобат гирифта ҳукм баровард: Қ.С.С. бо моддаи 237 қисми 2 банди «а»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ҳамин қисми модда ҷазо бо татбиқи моддаи 63 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар намуди ҷарима ба андозаи 200 (дусад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 12800 (дувоздаҳ ҳазору ҳаштсад) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шавад.

 

Холиқзода Б.Ҳ.,
Раиси Суди ноҳияи Файзобод