ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ НОҲИЯ

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2020-2030 бо сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон, Вашгирд ва Ҷавонони ноҳияи Файзобод мулоқотҳои судманд баргузор гардид. Дар вохӯриҳо кормандони суди ноҳия, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуданд.