Рӯзи 16 майи соли 2021 дар ноҳияи Файзобод бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дави миллӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур дар қатори сокинони ноҳия инчунин кормандони суди ноҳияи Файзобод низ фаъолона иштирок намуданд.
Қобили қайд аст, ки кормандони суди ноҳия дар баробари фаъолияти соҳавӣ инчунин ба варзиш эътибори чиддӣ зоҳир намуда, мунтазам дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок менамоянд.