Зимни ироаи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26-январи соли 2021 масъалаҳои муҳиме ҳалу фасл гардида, тибқи ҳидоятҳои созанда пешравии имрӯзу фардои Тоҷикистон ба манфиати халқи тоҷик оғоз ёфта буд.
Паём аз он шаҳодат медиҳад, ки диёри мо рӯз то рӯз рушду инкишоф ёфта, некуаҳолии халқ ба миён меояд.
Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбати яке аз масъалаҳои мубрами рӯзро зикр намуданд, ки ин зуҳуроти номатлуби замони муосир «Терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мебошанд. Ин ҳолат мо шаҳрвандонро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишврамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Чунки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеъа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.
Хусусан ҷавонони мо, ки ҳоло ба маънои аслии зиндагӣ сарфаҳм намераванд ҳадафи мақсадноки ин идда гуруҳҳо ва ташвиқгарон мегарданд.
Имрӯзҳо мо мебинем, ки аксарияти ҷавонон аз надонистан ва надоштиани маълумоти кофӣ дар бораи Дини Ислом ба ҳар гунна ҷараёнҳои барои дин бегона мепайванданд.
Хоинони миллат то ба ҳол аз хориҷи кишвар ба тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеъаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бо нангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳушёру зирак бошанд.
Асосгузори сулҳӯ ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳояш бо аҳли ҷомеъа таъкид кард: «Рисолаи таърихии дин-ваҳдат ва суботи ҷомеъа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон. Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаандозӣ ва олудашавӣ бо ифротгарои ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқиву, маънавию ахлоқӣ ва таҳамулгароии онро ба мардум ва махсусан ба ҷавонон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем.
Суханони Сарвари давлат моро водор мекунад, ки ба баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намоем. Ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои ободкорию созандагӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ омода созем, барои пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои терроситӣ дар муассисаҳои таълими дар дарсҳои таърих ва ҳуқуқ, инчунин корҳои тарбиявию берун аз синфи дар масъалаҳои хавфи терроризм дар ҷаҳони имрӯза, ҳушёрию зиракии наврасон диққати даркори диҳем.
Зарур аст, ки мо ба мардум шарифи Тоҷик қадру мақоми зиндагии осоиштаро фаҳмонида, огоҳ созем, ки қадрношиносӣ ба арзишҳои миллӣ, носипосӣ ва ифротгарои ба нооромӣ ва қатлу куштор, мусофирату оворагӣ, дури аз Ватан ва зиндони гаштан, оварда мерасонад.
Ҳар фарди соҳибхиради Тоҷикистон бояд бо дарки баланди ватандорӣ дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, баҳри сулҳу суботи ватани азизамон Тоҷикистон даст ба даст бошем.
Раиси суди
ноҳияи Файзобод
Холиқзода Бахтиёр Ҳайдар