26-ОКТЯБР РӮЗИ КОРМАНДОНИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Боиси ифтихор аст, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустақилияти ҳокимияти судӣ дар ҷомеа то рафт таҳким ёфта, суд вазифаи муҳими давлатро дар самти риоя ва ҳифзи арзишҳои олӣ – инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо таъмин менамояд ва баробарии дигар шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ нигоҳ медорад.
Амалӣ намудани адолати судӣ вазифаи пурифтихор, бошараф ва масъулиятноке мебошад, ки ба зиммаи судяҳо вогузор карда шудааст.
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 октябр бо эҳтиром ва қадрдонӣ аз заҳмати масъулину ҳомии адолат — иди касбии кормандони мақомоти судӣ таҷлил мегардад. Ин рӯз барои ҳамаи онҳое, ки дар таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва татбиқи қонуният саҳми арзанда доранд, рӯзи ифтихору шукргузорӣ мебошад. Судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ дар ҷомеа нақши муҳим доранд, зеро онҳо кафили адолат ва татбиқи баробарии шаҳрвандон дар назди қонунанд. Маҳз тавассути фаъолияти софдилона ва беғаразонаи онҳо низоми судии кишвар устувор гардида, ҳуқуқбунёдӣ ва ҷомеаи демократӣ рушд меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки судя бояд намунаи одоб, инсоф, поквиҷдонӣ ва адолат бошад. Бо талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат солҳои охир низоми судии Тоҷикистон такмил ёфта, дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ беҳтар гардидааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-қонунӣ, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳо қабул шудаанд, ки барои фаъолияти мустақилона ва босамари мақомоти судӣ заминаи устувор фароҳам овардаанд. Иди касбии кормандони мақомоти судӣ на танҳо рӯзи тантана, балки рӯзи андешаронӣ ва таҳкими масъулият низ мебошад. Зеро ҳар як корманди соҳаи суд вазифадор аст, ки бо виҷдони пок, дониши ҳуқуқӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба халқ хизмат намояд. Бо истифода аз фурсат, ҳамаи судяҳо, кормандони судҳо ва собиқадорони соҳа бо иди касбиашон табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, комёбӣ, устуворӣ дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулият ва муваффақиятҳои нав орзӯ менамоем.
Хамчунин кормандони суди ноҳияи Файзобод низ ин чашни касбиро сазовор пешвоз гирифта, аз чониби Рохбарият барои фаъолияти пурсамар дар макомоти суди, хизматхои софдилонаву назаррас дар созандагиву ободкори ба муносибати «Рӯзи кормандони макомоти суди» бо мукофотхои назаррас кадрдони карда шуданд.

Абдуллозода Меҳрон
Худоёр
Котиби маҷлиси судии
Суди ноҳияи Файзобод