«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кафили Истиқлолияти давлатӣ ва зиндагии осоиштаи мардум»

«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кафили Истиқлолияти давлатӣ ва зиндагии осоиштаи мардум»

 

Мо имрӯз дар арафаи таҷлили яке аз руйдодҳои бузургтарини таърихии миллатӣ куҳанбунёди тоҷик 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем.

Маҳз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои бунёди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ташабусӣ беназир гирифта, ба сӯи инкишофи мустақилона роҳ гирифта то имрӯз баҳри ободии ватан кушишу талошҳо карда истодааст.

Санаи 9-сентябри соли 1991 Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ин сана ҳамчун рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини он, оғози дигаргунсозиҳои нав дар самти бунёди давлати мустақилӣ миллӣ ва демократи эътироф шудааст.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Халқи Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бунёди ҷомеъаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуд, то ки Тоҷикистони азиз давлати мутараққӣ ва мутамаддин бошад.

Сардори давлат муҳтарим Эмомалӣ Раҳмон савганди садоқат ба миллату давлат ёд кардаи худро бо заҳмату машақатҳои зиёд ба ҷо оварда Ватани аҷдодиамонро обод, давлату ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ барпо намуда, ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва давлату ҷомеаро зери ҳимояи қонун карор дода, барои халқи тоҷик шароити зиндагии арзанда фароҳам овард.

Минбаъд давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парламенти мамлакат баробари ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ба гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқи ва судӣ рӯ овард.

Барои ба таври воқеӣ ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии давлат ва ҷомеаи навини тоҷикон қонуну санадҳое лозим буданд, ки бархурди чунин манфиатҳо бошанд. Барои эҷоди ин гуна санаду қонунҳо заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ лозим буд, ки он ҳам бошад, кабл аз ҳама, Конститутсияи нави давлати соҳибистиқлоли демократӣ ва дунявӣ буда метавонист.

Ҷиҳати татбиқи мақсадхои дар боло қайдгардида, ҳайати комиссияи конститутсионӣ таҳти рохбарии Раиси Шуроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон таъсис дода шуда, комиссияи мазкур лоиҳаи Конститутсияро таҳия намуда, онро барои ҳар чӣ пурраву демократӣ гардонидан ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд. Лоиҳаи Конститутсия дар матбуоти даврӣ ба чоп расида, аз ҷониби тамоми аҳли ҷомеа бевосита мавриди омузиш ва муҳокима қарор дода шуд.

Бо назардошги тағйироту илова, фикру ақида ва дархосту нешниҳодҳо санаи 6 ноябри соли 1994 тавассути овоздиҳии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҳамин тарик, халку давлати Точикистон Конститутсияи худро таҳия, қабул ва ҷорӣ намуда, хусусиятҳои хоси давлати миллии соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона, ки иродаи халқ ифодагари ҳокимияти давлатӣ буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи онҳо арзиши олӣ эътироф шудааст, дар он таҷассуми худро ёфтаанд.

Бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон инсон, ҳуқуқ озодиҳои он арзиши олӣ, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир эътироф гардидн, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат риоя ва ҳифз менамояд ва мақомоти марказии ҳокимият аз руи принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба хокимият конунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ карда мешавад.

Сохтори давлатӣ муайян гардид, аз ҷумла Тоҷикистон давлатӣ соҳибихтиёр, демократа, ҳуқуқбунёд. дунявӣ ва ягона эълон гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали сарвари давлати тоҷикон инхоб шудан, ки давраи барои халқи Тоҷикистон аз ҳама ҷиҳат ниҳоят мушкил буд, бинобар ҷанги шахрвандӣ нооромиҳо дар ҷомеа қарор дошт ва мардум гурезаю саргарон буда, муҳтоҷи як пора нон буданд, хиради пайғамбарона намуда, гуфта буданд, ки «Ман ба Шумо сулх меоварам». Тамоми хираду қуввваи худро барои ба даст омадани сулҳи бебозгашт Пешвои муаззами миллат сарф карда, оқибат 27 июни соли 1997 Созишномаи сулх байни Ҳукумат ва Мухолифин ба имзо расид, ки ба ҷанги дохилӣ хотима бахшид ва сулҳе, ки дар ҷахон ҳамто надорад. Пешвои миллат барои нигаҳ доштани сулҳу оромии на танҳо кишвари хеш, балки минтақа ва ҷахон пешсаф мебошанд.

Баъди ин мардуми тоҷик бо роҳбарии оқилонаи роҳбари хирадманди худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори созандагӣ шуруъ намуд. Дар давоми 70 соли Давлати Шуравӣ Тоҷикистон на соҳиби саноат буду, на роҳҳои нақлиётӣ дошт. Вилоятҳо ба ҳам ба воситаи дигар ҷумҳуриҳо пайваст мешуданд. Навбунёдиҳое, ки дар давраи соҳибихтиёрӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сомон расонидаанд, бештар мебошанд. Роҳҳо байни вилоятҳои Тоҷикистон кушода шуданд, нақбхои Анзоб, Шаҳристон, Чормағзак ба истифода дода шуданд. Корхонаҳои азими саноатӣ coxтa шуда, Сохтмони Неругоҳҳои барқии Сантуда 1,2 ба охир расида, сохтмони иншооти аср «Роғу» cap шуд ва ду агрегатӣ он дар истифодаи мардум карор доранд. Осорхонаи миллӣ, Кохи Навруз ва садҳо муассисаҳои таълими, боғчаҳо, варзишгоҳҳо, осоишгоҳу санаторияҳ барии истифодаи мардум сохта ба истифода дода шуда, сохтмони Масҷиди калон дар арафаи ба истифодаи мардум супоридан карор дорад. Ҳазорҳо гектар боғҳо бунёд, миллионҳо метри мурабаа манзил сохта, дигар корҳо ба анҷом расонида шуданд. Артиши миллӣ, мақомотҳои Кудратӣ ва дигар бахшҳои ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шуданд. Пешравиҳои зикршуда дар соҳаҳои хоҷагии халқ ва саноат ва дигар соҳаҳо барои зиндагии хубу ором ва амнияти мардуми азизи Тоҷикистон равона карда шудаст, ки инқилоб ба ҳисоб меравад. Ин хама амалҳои созанда эҳёгари миллат ва давлатсоз будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалй Раҳмон мебошад.

Бинобар ин мо шаҳрвандони кишвар бояд сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, Асосогузори Сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгири намуда, дар рушду тарақиёти кишвар ҳиссагузор бошем.

 

Раиси суди ноҳияи Файзобод

Холиқзода Б.Ҳ.