УМЕДИ РУЗГОРИ БЕҲТАРИ МО

Эҳтирому эътимод нисбат ба зан-модарро аз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд омӯхт. Ин шахсияти таърихӣ ва сарвари оқилу хирадпеша мудом таъкид мекунанд, ки эҳтироми бону-вон дар ҳама ҷой ва дар ҳама ҳолат дар мадди аввал гузошта шавад.
Бузургии зан-модар дар он аст, ки ӯ ҳамеша ва дар ҳама давру замон чароғи фурӯзони хонадон, ободию зебу зиннати даврон ба шумор мерафт ва имрӯз ҳам ин сифати худро нигоҳ медорад. Зан-модар идомадиҳандаи насл, тарбиятдиҳандаи фарзанд, нигоҳдорандаи забон ва анъанаю фарҳанги миллӣ мебошад.
Роҳбари давлат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми декабри соли 2024 чунин баён до-штанд: “Мо ба азму ирода ва масъулият-шиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил до-рем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идо-ма медиҳем”. Пешвои миллат аз зарурату манфиати қонунҳои миллӣ- “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ҳарф зада, бо боварӣ изҳор намуданд, ки занону бонувон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Маълум аст, ки ҳама, аз одами одӣ то подшоҳону бузургони олам аз модар таваллуд шудаанд ва модарро ситоиш кардаанд. Дар ҷомеаи Тоҷикистон занони донишманд мақому мартабаи бузургдоранд. Умеди рӯзгори пуршукӯҳи мо аз ҳамин гуна модарон аст.
Фаромӯш набояд кард, ки фарзанд аз тифлӣ то синни балоғат расидан хӯрдану ошомидан, пӯшидану хуфтан, ҳарф задану роҳ рафтанро аз модар меомӯзад. Дар ин бора шоир Эраҷ Мирзо хёле хуб ғуфтааст:
Гӯянд маро чузод модар, Пистон ба даҳон гирифтан омӯхт.
Шабҳо бари гаҳвораи ман, Бедор нишасту хуфтан омӯхт.
Як ҳарфу ду ҳарф бар забонам, Алфоз ниҳоду гуфтан омӯхт.
Дастам бигирифту по ба по бурд, То шеваи роҳ рафтан омӯхт.
Пас ҳастии ман зи ҳастии ӯст, То ҳастамуҳаст дорамаш дӯст.
Занон дар симои фарзандон наслро такрор мекунанд, фарзандон вазифадоранд модару хоҳарони худро дӯст доранд, эҳтиром кунанд. Ин таъкид дар Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии садо дода буд.
Амир Хусрави Деҳлавӣ фармудааст:
Якшаба ранҷе, ки модар кашид Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Фурсати хеле муносиб аст, ки модарону бонувон ва хоҳарони азизро бо идашон самимона муборакбод намоем.

Шодӣ НАЗАРЗОДА,
судяи Суди ноҳияи Файзобод