Дар моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умуии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад».
Мутаассифона, ҳолатҳоеро дучор омадан мумкин аст, ки бинобар надоштани дониши кофии ҳуқуқӣ ба дониста ва дағалона вайрон кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон оварда мерасонад. Ҳамин гуна ҳолатро мо дар рафтор ва амалкарди сокини ноҳия Т.О.Ҳ. дида метавонем. Ӯ бо сабаби надоштани дониши зарурии ҳуқуқӣ дидаву дониста ҳуқуқҳои конститутсионии фарзандаш Т.З.Т.-ро дағалона вайрон намуда, монеи идомаи таҳсили дувумӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мегардад. Номбурдаро дар давраи соли таҳсили 2022-2023, ки мебоист дар синфи сеюм таҳсил мекард, бо ҳар роҳу восита аз таҳсил боздошта, аз моҳи сентябри соли 2022 то моҳи марти соли 2023 нагузоштааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил намояд. Ӯ бо рафтори нодурусти худ ҷинояти дар моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишу- даро содир намудааст.
Пас аз муҳокимаи қазияи мазкур дар маҷлиси кушодаи сайёри судӣ дар бинои шуьбаи маорифи ноҳия ва баъд дар бинои суди ноҳияи Файзобод, санаи 20 апрели соли 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки дар он судшаванда Т.О.Ҳ. ба гуноҳаш иқрор гардида, аз кардаи худ изҳори пушаймонӣ намуд.
Суд ҳолатҳои корро ба инобат гирифта, бо дастрасии моддаҳои 310, 332-339, 342, 352, 357 ва 359 ҳукм кард: Т.О.Ҳ. бо моддаи 164 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шавад ва ба ин модда ва дастрасии моддаи 63 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба маблағи 6800 (шаш ҳазору ҳаштсад) сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин карда шавад.
Ҷараёни маҷлиси судӣ ба анҷом расиду гунаҳгор ҳам бо ҳукми суд ба ҷазои амалкардаи худ расид.
Вале як чиз нигаронкунанда мемонад. Наход дар шароити имрӯзи ҷаҳон, ки техникаву технологияи наву навтарин дар ҳаёти инсон ин қадар мавқеи пешрафта дорад ва донистану истифода кардани он донишу малака ва маърифати заруриро тақозо мекунад, боз инсонҳое пайдо мегзрданд, ки садди роҳи таълимгирию донишандӯзии фарзандонашон мегарданд. Магар онҳо намедонанд, ки яке аз сабабҳои ба курсии ҷинояткорӣ нишастан надоштани фаросату дониши зарурӣ аст?!
Сулаймонзода Ш.А.,
судяи суди ноҳияи Файзобод