Таҳсилот ҳатмист

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» ва ҳамчунин дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» вазифа ва уҳдадориҳои волидон барои ба таълим фаро гириф¬тани фарзандон муайян карда шудааст. Мутаассифона ҳастанд шахсоне, ки дониста ва нодониста талаботи қонуни мазкурро риоя намекунанд. Ин дар ҳолест, ки медонанд, риоя накардани тала¬боти қонунҳои мавҷуда онҳоро ба ҷавобгарӣ дар назди қонун оварда мерасонад. Чунин як ҳолати нораворо дар фаъолияти сокини деҳаи Гултеппаи Ҷамоати шаҳраки «30-солагии Истиқлол» Сафаров Насрулло Анварович мушоҳида мекунем. Номбурда бар хилофи талаботҳои моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мод¬даи 15 қисми 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» ва моддаи 16 қисми 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мао-риф»амал карда, барои гириф¬тани таҳсилоти миёнаи умумии фарзанди ноболиғаш Сафарзода Зебинисо Насруллоевна монеъ гардида, аз моҳи сентябри соли 2024 то инҷониб нагузоштааст, ки фарзандаш Сафарзода Зебинисо Насруллоевна таҳсилашро дар муассисаи Таҳсилоти миёнаи умумӣ идома бидиҳад. Ба чунин кирдори норавои худ Сафаров Н.А. ҷинояти дар моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешибнишударо содир намудааст. Моддаи мазкур ҷавобгарии ҷиноятиро барои ба ҳар тарзе монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ муқаррар менамояд. Дар рафти муҳокимаи судӣ, ки он дар толори бинои Ҷамоати шаҳраки Вашгирд 7 марти соли 2025 баргузор гардид, судшаванда Сафаров Н.А. пурра ба гуноҳаш иқрор гар¬дида, аз кирдори содирнамудааш самимона изҳори пушаймонӣ намуд. Дар асоси моддаи 61-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазои судшаванда Сафаров Н.А-ро, ки дар тарбияаш кӯдакони хурдсол дорад, бори аввал ҷиноят содир намудааст, нафақахӯр аст, инчунин аз кирдори кардааш сидқан пушаймон аст, ба инобат гирифта ба ӯ ҷазои сазовор дод. Сафаров Насрулло Анварович бо моддаи 164 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда бо дастрасии моддаи 63 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 100 (сад) нишон- диҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 7500 (ҳафт ҳазору панҷсад) сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин карда шуд. Воқеан, бузургтарин масъулияти волидон дар ҷараёни зиндагӣ ин тарбияи фарзанди хубу солеҳ аст. Чаро ки ояндаи давлат ва ҷамъият аз онҳо вобаста аст. Аз ин рӯ, волидони муҳтарамро шарт ва зарур аст, ки дар тарбияи фарзан¬дон тибқи қонунҳои амалкунандаи кишвар амал намоянд. Дар акси ҳол бо мушкилотқои аз ин ҳам бештаре мувоҷеҳ хоҳанд гашт.

Сулаймонзода Шамшод Аъзамшо

судяи Суди ноҳияи Файзобод.