Президенти маҳбуби халқ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол аз вазъи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар барои халқ маълумот пешниҳод менамояд. Ин маълумот дар шакли Паём дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ироа мегардад. Мо ҳис мекунем, ки халқи азизи мамлакат Паёми Сардори давлатро интизорӣ мекашанд. Зеро медонанд, ки Пешвои миллат пешниҳодоти муҳим ба миён мегузорад, ки ба манфиати мардум буда, боиси рушдутараққии мамлакат мегардад. Пешниҳоди Сардори давлат дар хусуси соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқуқӣ» натиҷаҳои хуб дод. Дар ин сол таҷлили 30-солагии қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол бо ифтихори шукргузорӣ аз соҳибватанию соҳибдавлатӣ дар фазои сулҳу субот, оромию осудагӣ гузашт. Воқеан, Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам меоварад. Мардуми кишвар агар ба талаботу вазифаҳои бамиёнгузоштаи Конститутсия риоя намоянд, зиндагӣ боз ҳам беҳтару хубтар мегардад. Пешниҳоди Сардори давлат дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон доштани соли 2025 пеш аз ҳама барҳам задани коррупсия мебошад. Ин пешниҳод бо Фармони Президенти кишвар муҳта- рам Эмомалй Раҳмон аз 8 январи соли 2025 ҳукми қонунро гирифт.
Дар Паёми пешинаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боло рафтани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат ғамхории падарона зоҳир шуда буд. Имсол ҳам чунин тадбир аз моҳи сентябр амалӣ мегардад. Инҷо гап дар бораи баланд бардоштани маоши кормандони ҳамаи соҳаҳои буҷетӣ, инчунин ҳамаи намуди нафақаҳо: суғуртавй, меҳнатӣ, иҷтимоӣ, ҳамчунин иловапулӣ ба онҳо меравад. Боиси қайд кардан аст, ки аз 1 сентябри ҳамин сол ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шудааст.
Сардори давлат дар баробари ғамхориҳо зарурати қатъии талаботи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро низ таъкид карданд.
Боварӣ изҳор намуданд, ки «Бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расондани наслҳои солим дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд».
Мо ба ояндаи дурахшони кишвари маҳбуби худ итминони калон дорем. Чи тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдати миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва саъю талоши ҳар фарди Тоҷикистон ба ин чиз хуб даст медиҳад.

Назарзода Ш.Қ.
Судяи суди ноҳияи Файзобод.