ПЕШВО ВА РАҲНАМОИ МИЛЛАТ

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун яке аз санаҳои таърихӣ дар давлатдории навини тоҷикон, бо як шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ маорифпарварона, фарҳангсоз ва миллатсоз буда, таҳти роҳбарии абармарди сиёсати ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқ мегардад. Таҷлил намудани Рӯзи Президент- ин аввалан арҷгузорӣ ба Президент ва арҷгузорӣ ба миллат аст. Зеро миллат метавонад роҳбарашро қадр кунад, арҷ гузорад ва дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи он саҳмгузор бошад.
Боиси қаноатмандӣ ва масъулиятшиносист, ки дар масири кӯтоҳи давлатдории навинамон аз баракати сиёсати созандаву бунёдкорона ва хирадмандонаю ояндабини Пешвои миллат, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бо таҳкиму тавсеаи заминаҳои ҳуқуқӣ, таъмини ваҳдату субот, ҳамзистии осоиштаи қишрҳои ҷомеаву волоияти қонун, рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва институтҳои шаҳрвандӣ барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам гардида, ормонҳои миллӣ муваффақона амалӣ карда мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори давлати навини Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ тамоми мушкилоту зиддиятҳо ва душвориҳои марзу буми тоҷик ва халқи азияткашидаро ба дӯши худ гирифтанд. Нагузоштанд, ки хоки муқаддаси тоҷикон ба вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ фурӯ равад. Дар роҳи эҷоди ваҳдат ва бунёди сулҳу субот тамоми мардуми кишвар, ҳатто бадхоҳону душманони миллатро ба сулҳу салоҳ ва сари мизи таҳаммул ва андешаву орият даъват намуданд. Пешвои миллат, сарвари оқил ва хирадпешаи тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ормонҳои хешро туфайли заҳматҳои бемислу монанди хеш дар роҳи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, таъмини саодати мардум ва кишвари биҳиштосо роҳандозӣ ва татбиқи амал намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақши фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Маҳз кӯшишҳои Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба ватан баргашт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои шоёни ӯро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқҳои олам ҳуқуқу овози баробар дошта, ҳуввияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони ихлосу самимият, муҳаббат ва қадршиносии миллати мо нисбат ба Сарвари маҳбубу раҳнамо, рамзи муттаҳидии мардум дар атрофи Пешвои муаззами миллат аст.
Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор менамояд, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлату Ҳукумат дар самти таҳкими рукнҳои давлатдории навини Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тамоми нерӯ, қудрат, тавоноӣ ва донишу таҷрибаамонро ба кор барем.

Сулаймонзода Ш.А.
Судяи суди
ноҳияи Файзобод