Ҳарсол 24-уми ноябр мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоли худ Рӯзи Парчами давлатиро бо тантана ҷашн мегиранд.
Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба андозаашон, бо риояи дақиқи ҳаҷму ранги асл бояд тасвир карда шаванд.
Дар асоси моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Парчам дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (Ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар утоқҳои корӣ, инчунин дар ҳавопаймоҳою воситаҳои нақтиёт ва ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи сулҳу ваҳдат афрохта мешавад.
Тибқи талаботи моддаи 11-и қонуни мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур ва таҳқири рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Бешак Парчами давлатии Тоҷикистон, чун рамзи истиқлолият, бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ, ва сарбаланди имиллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамадунофарро дар баландтарин минбарҳо ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист.
Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, нишон ва суруди миллӣ мебошад.
Парчами давлати тамоми сокинони кишварро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама Ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ роҳандози менамояд.
Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаи Ваҳдат, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Тоҷикистон касро бе ихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм махсусан дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва мерасад.
Раиси суди ноҳияи Файзобод
Холиқзода Б.Ҳ.