ПАЁМ ВАЗИФАҲОРО МУАЙЯН МЕКУНАД

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳими соли 2022 буда, дар саҳифаи таърихи сол ҳамчун барномаи муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.
Мавриди қайд медонем, ки рушди устувору босуръати ҳама тарафҳои ҳаёти ҷомеаю давлат ба сиёсати ҳуқуқӣ вобаста аст. Дар паём қайд мешавад: «Ин вазифа аз мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, пеш аз ҳама, аз Парламенти кишвар талаб менамояд, ки фаъолияти худро ҳамаҷониба тақвият бахшад».
Таъкиди Сардори давлат ҳушдор медиҳад, ки ҳанӯз ҳам қонунҳои номукаммал, дорои ихтилоф ва холигиҳо ҷой доранд.
Бар ҳамин асос пешниҳод мегардад, ки ҳамкории Парламенти мамлакат бо дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла бо субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббусҳои қонунгузор ва татбиқи ҳуқуқ вусъат дода шавад. Ба фаҳмиши мо, ин пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳоро мукаммал, сифати онҳоро беҳтар мегардонад. Субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мебошанд. Ба субъектҳои татбиқи ҳуқуқ мақомоти олии ҳокимияти иҷроия, яъне Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти марказии идоракунии ҷумҳуриявӣ (вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар идораҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), ҳамчунин мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, ташкилоту корхонаҳо дохил мешаванд.
Президенти мамлакат таъкид менамояд, ки фаъолияти мақомоти судӣ ҷиҳати таъмину таҳкими кафолатҳои судии субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба рушди минбаъдаи ин муносибатҳо пайваста таҳкиму такмил дода шуда, камбудиҳои ҷойдошта бартараф гардад. Интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ ва омодагии касбии судяҳо низ дар ҳамин радиф меистад.
Мо, кормандони мақомоти судро басо хуш омад, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои дорои хусусиятҳои экстремистию террористӣ ва ҷиноятҳое, ки ба истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ паҳн мешаванд, дар ҷумҳурӣ Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис меёбад. Дилпур будан мумкин аст, ки дар маркази ташкилшаванда маълумот доир ба терроризм, роҳу усулҳои содиршавии ҷиноятҳо, технологияи иттилоотию коммуникатсионии истифодашаванда ва дигар иттилоот гирд оварда, ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла ба суд, ба сифати маркази ёрирасон хизмат мекунад.
Дар айёми мо эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ барои шукуфоии кишвар, кам шудани ҷинояту ҷинояткорӣ аҳамияти ниҳоят муҳим дорад. Бесабаб нест, ки Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон ва дастовардҳои бузурги он — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як сокини бонангу номи диёр медонад.
Ман аминам, ки ин таъкиди Сардори давлат пеш аз ҳама ба ҷавонон дахл дорад. Пешвои миллат ба ҷавонони Тоҷикистон ифтихор дорад, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.
Аз садоқати самимии Сардори давлат нисбати ҷавонони мамлакат бояд дарси ибрат гирифт.
Халқи тоҷик заҳмату талошҳои шабонарӯзии Президенти муҳтарами худро мушоҳида мекунад ва мебинад, ки ин шахсияти таърихӣ ба тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт бо чашми хирад нигариста барои гулгулшукуфии  Ватани азизаш, барои муттаҳидии халқаш донишу ғайрату тавоноияшро дареғ намедорад.

Шодӣ НАЗАРЗОДА,
судяи Суди ноҳияи Файзобод

Бознашр аз рӯзномаи «Набзи Файзобод»,
№5 (5939), 28 феврали соли 2023