Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 декабри соли 2021 дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро таҳлилу баррасӣ кард. Сарвари давлат роҳҳои боз ҳам рушд додани хоҷагии халқи Тоҷикистон, алалхусус ҷиҳати пешгирии паӣомадҳои буҳрони ҷаҳонӣ ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат супоришу маслиҳатҳои судмандро доданд.
Сарвари давлат қайд карданд, ки барои ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин фаро гирифтани кишвар мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.
Дар даврони истиқлолият баъди барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ зарурати Конститутсияи нав ба миён омад, то ки асосҳои бунёди ҷомеа, шакли идораи давлатӣ ва дигар арзишҳои давлатдориро муайян кунад.
Ҳамин буд, ки шашуми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳибихтиёр қабули Конститутсия, яъне санади сарнавиштсоз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд ва минбаъд дар асоси он ислоҳоти конститутсионӣ оғоз гардид. Бар ҳамин асос Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Парламенти касбии дупалатагӣ, Қувваҳои мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, яъне шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуданд. Шаклҳои гуногуни моликият асоси иқтисодиёти Тоҷикистон эътироф гардида, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибмулкӣ кафолат дода шуд.
Тибқи сиёсати башардӯстона бо фармони Президенти мамлакат «Дар бораи боздоштони татбиқи ҷазои қатл» аз 30 апрели соли 2004, ки дар заминаи он қонуни дахлдор қабул карда шуд, ба ҷазои қатл ва иҷрои он дар кишвар мораторий зълон гардид. Илова ба ин дар даврони соҳибистиқлолӣ 17 маротиба қонун дар бораи авф қабул ва нисбат ба 170000 нафар татбиқ гардида, онҳо аз ҷазо озод карда шудаанд.
Инчунин ба муносибати ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ 7 сентябри соли 2021 қонуни авф қабул карда шуд, ки тибқи ин қонун 11500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардиданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ чор маротиба қонун оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии кишвар, бинобар қонунигардонии маблағҳо ва молу мулкашон, қабул ва амалӣ гардонида шуд, ки бо беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ таъсири мусбат расонид ва шароити мусоид барои соҳибкорону сармоягузорон, ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз ва пуливу қарзӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва инкишофи бахши иҷтимоӣ бисёр тадбирҳои судманд амалӣ гаштанд.
Президенти мамлакат дар Паёми худ ба масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ фароҳам овардани зиндагии арзандаи мардум бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нази корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа, стипендияҳо дахл карданд.
Ғамхории навбатии Президенти мамлакат ба мардуми кишвар водор месозад, ки ҳар як шаҳванд бо меҳнати арзандаву дили соф дар пешравӣ ва ободии Тоҷикистони азиз саҳм бигирад.
Холиқзода Б. Ҳ.,
раиси суди ноҳияи Файзобод