Нақши Зан-Модар дар рушди тамоми соҳаҳои ҷомеа муҳим ба ҳисоб рафта, аз домони поку нафиси ӯ шоирону арбобон, олимону ихтироъкорон, қаҳрамонону далерони Ватан ба дунё меоянд. Аз ин рӯ, Зан-Модар таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар миллату давлат маҳсуб меёбад. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар тамоми самту соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт нақш ва саҳми Зан–Модари тоҷик баръало эҳсос мешавад. Аз ҷумла, занон дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷамъиятӣ фаъолияти назаррас нишон дода, баҳри ободии он саҳми бориз мегузоранд. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани нақш ва манзалати занон даҳҳо барнома рӯи кор омадааст. Ҳамин аст, ки имрӯз зани тоҷик роҳбар, иқтисодчӣ, бонкдор, кишоварз ва ниҳоят кадбонуи хонадон аст. Зиндагии ҳар фарди ҷомеа аз меҳру муҳаббат ва сидқу вафодории Зан – Модар маъво мегирад. Зан-Модар чароғи мунаввари ҳар хонадон, ҳидоятгари ахлоқи нек ва дастгиру наҷотбахши ҳамешагии мост. Воқеан Ватан Модар аст, Модар Ватан аст ва ин вожаҳо бо ҳам навои дил доранду сафои ҷон!
Барои миллати хирадпеша ва куҳанбунёди тоҷик, ки “ҷаннатро дар хоки қудуми модарон” дидааст, парастиш ва эҳтироми модар, арҷгузорӣ бар ӯ ҳамеша волотар аз ҳама чизи дигар буду ҳаст. Метавон муҷассамаи хираду фазилат, некиву футувват, меҳру муҳаббатро дар симои модари тоҷик бунёд гузошт. Марому мақоми баланду эҳтироми зан ва модари тоҷикро худи таърих, имтиҳони гарони рӯзгори модар дар тӯли асрҳо муайян намудааст.
Бигузор Модар- ин олиҳаи ҳусн ва сутуни пурқуввати хонадон, таровати ҳаёту гармии қалби наздикон, такондиҳандаи гаҳвора ва ҷаҳон ҳамеша зиндаву поянда ва ҷовидон боқӣ бимонад.
Холиқзода Б.Ҳ.,
Раиси суди ноҳияи Файзобод