ИСТИҚЛОЛ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

Cиву се сол пеш миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ – Истиқлоли давлатӣ мушарраф гардид, ки ҳоло мо бо ҳисси ифтихору сарфарозӣ 33-юмин солгарди онро ҷашн мегирем. Хосияти ҳар як ҷашн, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки моро ба таҳлилу ҷамъбаст ва натиҷагириҳои рӯйдодҳои гузашта, мушаххас сохтани вазифаҳои имрӯза ва чашмандозӣ ба оянда водор мекунад. Аз ин нигоҳ Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик падидаи бемислу монанди таърихист, ки силсилаи воқеаҳои сарнавиштсозро дарбар мегирад ва бинобар ин, мо бояд онҳоро аз дидгоҳи фарохтару баландтар тақвиму тақдир намоем.
Дар ин росто қабл аз ҳама, бояд дарк кард, ки Истиқлоли давлатӣ неъмати бузурге аст, ки бо пайки хеш нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба Тоҷикистон овард. Истиқлол мояи ифтихори ҳар шаҳрванд буда, такондиҳандаи ғурури миллӣ, заминасози рушду такомул ва пойдевори мустаҳками ваҳдату якпорчагӣ аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои хеш Истиқлоли кишварро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ менамоянд. «Маҳз Истиқлоли кишвар ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем», — пайваста таъкид месозанд Пешвои миллат.
Дар 33 соли соҳибистиқлолӣ миллати мо дар саросари ҷаҳон соҳиби обрӯву манзалати хосса гардида, бо азму иродаи қавӣ тавассути созандагиву бунёдкории бомаром ба фардои дурахшон қадамҳои устувор гузошт ва беш аз пеш ба дастовардҳои шоён ноил гардид. Бояд дарк кард, ки истиқлоли кишвар волотарин ва арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик тайи ҳазорсолаи охир мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлол ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ бо ҳама вижагиҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.
Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки сиву се сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
Воқеан ҳам Тоҷикистон тавонист дар даврони соҳибистиқлолии худ бо роҳбари арзандаву сулҳпарвараш баҳри рушди кишвар чораҳои заруриро андешад. Дар даврони истиқлол Тоҷикистон аъзои чандин созмонҳои байналмилалӣ гардид. Равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаро қариб бо тамоми кишварҳои дунё ба роҳ монда, баҳри боз ҳам рушд намудани сиёсати хориҷӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва дигар соҳаҳои мухталифи кишвар корҳои арзандае ба сомон расонид.
Акнун замоне расида, ки мардум бо диди тоза ба оянда нигаранд, дидаи умед ба фардои беҳтар, фардое, ки сарнавишти худро бо дастони худ бисозанд ва вобастаи касе набошад.
Ҳамасола Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои ором мутантан ҷашн гирифта мешавад ва бояд гуфт, ки ин ҳама пешрафту нумӯи давлати тоҷикон аз файзу баракати Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, зеро маҳз ҳамин иҷлосия чун субҳи босафо роҳи миллатро равшан намуда, ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам оварда, бори дигар сокинони минтақаҳои гуногуни кишварро ба дурандешию бунёдкорӣ ҳидоят намуд. Ҳар рӯзе, ки сипарӣ мешавад, барои мо як навъ азхудкунии асосҳои давлату давлатдории муосир ва гузаштан ба ҷомеаи демократию дунявиро талқин мекунад.
Имрӯз ҳар як фарди ҷомеаро мебояд, ки баҳри оромӣ ва ҳифзи сарватҳои миллӣ саҳмгузор буда, ҳар қатраи оби зулолу ҳар кафи хок, сабзаю дарахтони сарсабзу ҳар сангпораи кӯҳсори Тоҷикистони соҳибистиқлолро азизу муқаддас шуморад.
Таваҷҷуҳи рӯзафзуни Сарвари давлат барои ояндаи дурахшони миллат, махсусан ба пешрафти соҳаи маориф ва дастгирии ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, забономӯзӣ, такмили донишу малакаи наврасону ҷавонон равона гардидааст ва ҳар як фарзанди бонангу номуси миллатро месазад, ки дар ҷодаи такмили донишу маърифати хеш барои пешрафти ҳаёти кишвар талош варзад.
Хатарҳои замони муосир аз мо талаб менамоянд, ки дар баробари ҳамаи дигаргуниҳо ва таззодҳои раванди ҷаҳонишавӣ барои ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол талош намоем. Вазифаи мо, насли имрӯз аз он иборат аст, ки истиқлолу озодӣ ва сулҳу ваҳдати мамлакатро ба наслҳои оянда бегазанд расонем.

Холиқзода Бахтиёр Ҳайдар,
Раиси суди ноҳияи Файзобод.