ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ КОРМАНДОНИ СУДИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД ДАР ДАВИ МИЛЛӢ

Судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Файзобод бо мақсади дастгирии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Оид ба оммавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим» санаи 19 майи соли 2024 дар чорабинии оммавӣ «Дави миллӣ», ки дар маркази ноҳияи Файзобод бо иштироки васеи кормандони ташкилоту муасисаҳо ва сокинони ноҳияи Файзобод гузаронида шуд, иштироки фаъолона варзида, сазовори ҷойи арзанда гардиданд.
Ҳамзамон, суди ноҳияи Файзобод барои иштироки фаъол дар чорабинии мазкур аз ҷониби Раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода ифтихорномаи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Файзобод сарфароз гардонида шуд.