Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он рӯзи 21 майи соли 2023 дар кишвар Дави миллӣ баргузор гардид.
Дар ноҳияи Файзобод низ Дави миллӣ баргузор гардид ва дар чорабинии мазкур ҳамчунин судяҳо ва кормандон дастгоҳи суди ноҳия фаъолона ширкат варзиданд.