ИЛМУ МАОРИФ – АСОСИ ПЕШРАФТИ ДАВЛАТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, бо вуҷуди мушкилоти замон, соҳаи маорифро аз муҳимтарин самтҳои пойдорию бақои давлат ва рушду пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ эълон ва ба такомулу тараққии он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ба ин маънӣ, Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар қайд карданд, ки «Корҳои то имрӯз амалигардида гувоҳанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд». Миллати тоҷик дар дарозои таърих бо абармардони бофазлу дониш ва родмардону давлатмардони меҳандӯсташ дар олами мутамаддин ба ҳайси мардуми тамаддунофар эътироф гардидааст. Агар ба саҳифаҳои таърихи миллати хеш бо таҳқиқ назар кунем, шоҳиди бузургтарин дастоварду комёбиҳои ин миллати бохираду донишманд мегардем, ки бо неруи тавонои ақлонии худ аҳли оламро ба некию некукорӣ, ахлоқи ҳамида, меҳандӯстию инсонпарварӣ ҳидояту раҳнамоӣ кардаанд. Дар замони муосири давлатдории миллӣ маҳз Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту вохӯриҳо бо аҳли илму маориф ва ҷомеа мунтазам дастоварду мушкилоти ин ё он соҳаи ҳаётан муҳимми кишварро таҳлилу баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф сохтани камбудиҳо ва баҳри расидан ба дастовардҳои бештар дастуру ҳидоят ва роҳнамоӣ мекунанд. Дар суханронии навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30.05.2024) низ ба таври фарогир дастовард ва мушкилоти ин соҳаҳои ҳаётан муҳим мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифт. Таваҷҷуҳ ба рушди сармояи инсонӣ Ҳукумати мамлакат ба таълиму тарбия ва дастгирии хонандагону донишҷӯёни лаёқатманд мунтазам таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Бо таъмин гардидани Ваҳдати миллӣ ва оғози ҳазораи нав сармоягузорӣ ба маорифи миллӣ бештар гардид. Дар баробари ин, Пешвои миллат мунтазам бо аҳли илму маориф вохӯриву суҳбатҳо оростанд, ки ба пешрафту рушд ва таҳкими соҳаҳои маориф ва илм мусоидат карданд. Аз ин ҷост, ки ҳамасола дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо аҳли маориф мулоқот анҷом дода, ҳамеша таъкид менамоянд, ки маҳз омӯзгорон ва аҳли илму маорифи кишвар дар душвортарин рӯзҳо дар паҳлуи ман буданд, сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат ва Президентро дастгирӣ, ташвиқ ва татбиқ намуда, аҳли ҷомеаро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот, амният ва оромию осоиштагӣ ҳидоят менамоянд. Маълум аст, ки фазои сиёсии ҷаҳони муосир рӯз то рӯз буҳронию ноамн мегардад ва муборизаи давлатҳои абарқудрат барои пиёда намудани манфиатҳои хеш бештар мешавад. Дар ин миён, дар сиёсати ҷаҳонӣ муборизаҳои иқтисодию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, пайдо шудани ҷараёнҳои тундгаро, тағйирёбии иқлим ва ғайра баҳсҳои зиёде ба вуҷуд меорад, ки дар ин замина танҳо шахси худшиносу худогоҳ ва донишманду ватандӯст метавонад мубориза барад. Бинобар ин, сармоягузорӣ ба неруи инсонӣасоси пойдориву устувории давлату миллат ва сулҳу субот ба шумор меравад. Дар чунин шароити хатарзо ва пуртаҳдид бо ҳифзу нигоҳдоштани падидаҳои сиёсии истиқлолу ваҳдат ва суботи сиёсӣ танҳо ҷомеае пойдор мегардад, ки дорои илму дониш ва маърифати баланди худшиносӣ бошад. Аз ин рӯ, дар шароити муосири давлатдорӣ бо дарназардошти равандҳои зикршуда зарур аст, ки низоми таълиму тарбия дар заминаи арзишҳои миллӣ амалӣ карда шавад, зеро гиромидошти арзишҳои миллӣ ва тарғибу ташвиқи онҳо яке аз омилҳои пойдории давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Хушбахтона, дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастуру ҳидоятҳо ва роҳнамоии Пешвои миллат маорифи миллӣ ташаккул ёфта, ба ин васила, тадриҷан бо амалӣ намудани як қатор барномаҳои давлатӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва бунёди иншооти муосири таълимӣ ба ҳадафҳои олии хеш наздик мегардем. Ба ин маънӣ, маорифи миллии кишвар рушд мекунад, мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва сатҳу сифати таълим баланд мегардад. Шоистаи таъкид аст, ки шароит, фазои корӣ ва зиндагии омӯзгорон дар муқоиса ба солҳои пешин беҳтар гардида, мунтазам маоши онҳо ва дигар кормандони соҳаи маориф баланд бардоштаву зиндагиву шароити маишии онҳо созгор мешавад.
Абдуллозода Меҳрон Худоёр

Котиби маҷлиси судӣ