ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ САРВАРИ ДАВЛАТ

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти имрӯзаро таҳлил намуда, дар баробари ин дар самти таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд қайд намуданд, ки мақомоти судӣ бояд вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро карда, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоянд ва ба ин васила ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин кунанд.

Суди ноҳияи Файзобод ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат нақшаи чорабиниҳоро тарҳрезӣ намуда, кормандон ҳамарӯза баҳри иҷрои он саъйю кӯшиш менамоянд. Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон судяҳо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки парвандаҳои ҷиноятӣ, оилавӣ, шаҳрвандӣ ва маъмурӣ дар маҷлисҳои сайёри судӣ, яъне дар маҳалҳо баррасӣ шаванд, зеро чунин тарзи баррасии парвандаҳо ба пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, кам гардидани баҳсҳои оилавию шаҳрвандӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат мекунад.

 

Файзулло Мирзозода,
судяи Суди ноҳияи Файзобод