ҶАВОНОНОНРО БОЯД  ДАР  РӮҲИЯИ ВАТАНД0РӢ  ТАРБИЯ КАРД

Зимни ироаи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои муҳиме ҳаллу фасл гардида, тибқи ҳидоятҳои созанда пешравии имрӯзу фардои Тоҷикистон ба манфиати халҳи тоҷик оғоз ёфта буд.

Паём аз он шаҳодат медиҳад, ки диёри мо рӯз то рӯз рушду инкишоф ёфта, некӯаҳволии халқ ба миён меояд.

Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯзро зикр намуданд, ки ин зуҳуроти номатлуби замони муосир: терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мебошанд.

Ин ҳолат мо, шаҳрвандонро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Чунки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.

Хусусан ҷавонони мо, ки ҳоло ба маънои аслии зиндагӣ сарфаҳм намераванд, ҳадафи мақсадноки ин идда гурӯҳҳо ва ташвиқгарон мегарданд.

Имрӯзҳо мо мебинем, ки аксарияти ҷавонон аз надонистан ва надоштани маълумоти кофӣ дар бораи дини ислом ба ҳар гуна ҷараёнҳои барои дин бегона мепайванданд.

Хоинони миллат то ба ҳол аз хориҷӣ кишвар ба тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бо нангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳушёру зирак бошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳояш бо аҳли ҷомеа таъкид кард: «Рисолати таърихии дин-ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон. Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаандозӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқиву маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба ҷавонон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем».

Суханони Сарвари давлат моро водор мекунад, ки ба баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ, сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус диҳем, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ободкорию созандагӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ сафарбар намоем, барои пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ дар муассисаҳои таълимӣ, аз хавфи он  дар ҷаҳони имрӯза ҳарф занем, ба наврасон ҳушёрию зиракӣ омӯзем. Ҳар фарди соҳибхиради Тоҷикистон бояд бо дарки баланди ватандорӣ дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ  омада, баҳри сулҳу суботи  ватани азизамон Тоҷикистон даст ба даст бошем.

Сулаймонзода Шамшод Аъзамшо,

 судяи суди ноҳияи Файзобод.