Мегӯянд, ки зоҳири одам ботини онро муайян мекунад, вале дар баъзе маврид ин ҳикмат ғалат мебарояд. Бисёр нафарон аз ин ҳақиқат фирефта шуда, хато намуда, саргум мешаванд.
Чунончи, чанд нафар сокинони ноҳияи Файзобод аз чеҳраи Фазиламо Латифова ботинашро муайян карда натавониста, ба доми фиреби ӯ афтодаанд.
Фазиламо Латифова сокини шаҳраки Файзобод, 37-сола, соҳиби се фарзанд, маълумоташ миёна бошад ҳам, мактаби қаллобиро хуб гузаштааст. Ӯ аввалан ба боварии дӯстони деринааш — истиқоматкунандаи шаҳраки Файзобод, кӯчаи И. Сомонӣ Нозигул Маҳмадалиева даромада, бо баҳонаи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, яъне хариду фурӯши либосҳои занона ва кӯдакона аз 22-юми феврал то 18 — уми августи соли 2022 дар нуҳ маврид ҷамъулҷамъ 25000 сомонӣ ва 30000 рубли русӣ, ки дар маҷмӯъ, 33000 сомониро ташкил медиҳад, қарз гирифтааст. Бо маблағи гирифтааш чанд муддат радду бадал карда, аслан маблағи мазкурро ба хӯрок ва сарулибос сарф намуда, қарзи гирифтаашро мувофиқи забонхатҳои додааш барнагардонидааст, ки боиси ба мақомоти дахлдор муроҷиат намудани ҷабрдида Н. Маҳмадалиева гаштааст.
Фазиламо чун дид, ки бо шиноси деринааш (Маҳмадалиева Н.) «ошаш намепазад», аз усулҳои қаллобӣ истифода бурда, боз бо ҳамон баҳонаи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, яъне хариду фурӯши либосҳои занона ва кӯдакона ба боварии сокини кӯчаи Розиқзодаи шаҳраки Файзобод Манижа Асадуллозода даромада, моҳи январи соли 2023 дар ду маврид — 5000 сомонӣ қарз мегирад ва ин маблағро боз барои эҳтиёҷоти шахсиаш истифода бурда, баргардонидани онро дар муҳлати муқарраргардида таъмин накардааст, ки бо ин кирдораш ба М. Асадуллозода зарари ҷиддӣ расонидааст.
Ғайр аз ин, Фазиламо ба боварии шаҳрванд Рухшона Шарифова даромада, моҳи июли соли 2022 аз номбурда барои табобати дандон 7500 сомонӣ қарз пурсидааст. Рухшона «саховат» карда, ба ӯ 10000 сомонӣ қарз дода, дар ин хусус забонхат мегирад. Фазиламо забонхат додааст, ки аз Рухшона ҳақиқатан 10000 сомонӣ қарз гирифтааст. Бо гузаштани як моҳ Фазиламоҳ «шафқат» зоҳир намуда, фоизи даҳ ҳазор сомонии қарзи гирифташударо додан мехоҳад. Рухшона бошад, 10000 сомонии қарзи додаашро пурра аз ӯ талаб мекунад. Табиист, ки Фазиламо якбора даҳ ҳазор сомонии гирифтаашро баргардонида наметавонист, аз ин рӯ ин дафъа усули навро ба кор бурда, бо мақсади гирифтани қарз аз Зебо Бобиева пешакӣ нусхаи шиносномаашро бо худ гирифта, бо дасти худ забонхат оид ба баргардонидани қарзи гирифтаашро дода, аз Зебо Бобиева даҳ ҳазор сомонӣ гирифтааст. Ғайр аз ин, 21-уми августи соли 2022 Фазиламо ба хонаи Зебо Бобиева рафта, боз даҳ ҳазор сомонӣ қарз гирифта, забонхат навишта медиҳад. Ҳамин тавр, Фазиламо, ба қавле хазинаи қарздиҳиро меёбад, ки аз Зебо Бобиева дафъаи дигар бист ҳазор сомонӣ мегирад, гӯё ин маблағро барои харидории замин дар шаҳри Ваҳдат шавҳари Фазиламо хоста будааст. Фазиламо аз корбудкунии З. Бобиева қаноатманд шуда, 10-уми ноябри соли 2022 боз шаш ҳазор сомонии дигар қарз мегирад. Ҳафтае пас Фазиламо боз ба хонаи Зебо Бобиева рафта, арзи дил мекунад, ки «ба мағозааш бор овардан мехоҳад, аммо пул надорад. 23000 сомонӣ диҳад, баъди фурӯхтани бор маблағашро бармегардондааст». З. Бобиева дар бораи 23000 сомонии дигар гирифтани Фазиламо аз ӯ забонхат мегирад. 10-уми декабри соли 2022 Фазиламо аз З. Бобиева 2000 сомонӣ, 13-уми декабри соли 2022-юм 14000 сомонӣ гирифта, ба мақсад мерасад. Рӯзи 10-уми январи соли 2023 Фазиламо боз назди Зебо Бобиева омада, дар хусуси пеш нарафтани савдояш дарди дил мекушояд ва зарурати 10000 сомониро ба миён мегузорад. Кори Фазиламо, ки буд шуд, Зеборо «фаромӯш» мекунад, яъне сарро аз хаёли адои қарз дур месозад. Қарзи аз Зебо Бобиева гирифтааш қариб ба 100000 ҳазор сомонӣ мерасад. Вақте З. Бобиева аз фиребхӯриаш огоҳ гашта, дар ин хусус нисбат ба Фазиламо ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод муроҷиат мекунад, маълум мешавад, ки чанд нафари дигар ба доми фиреби Фазиламо афтида будаанд. Бо ҳамин минвол, қарзҳои гирифтаи Фазиламо аз ҷабрдидагон дар маҷмӯъ, 229 ҳазору сию чор сомониро ташкил медиҳад.
Барои ин кирдорҳо Фазиламо Латифова бо ҳукми Суди ноҳияи Файзобод аз 15-уми июни соли 2023 бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 8 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 3 сол бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъин карда шуд.
Ҳамзамон, бо ҳамин ҳукм аз ҳисоби Латифова Фазиламо Шарифовна ба фоидаи Нозигул Маҳмадалиева 30034 сомонӣ, Зебо Бобиева 83000 сомонӣ ва Рухшона Шарифова 106000 сомонӣ маблағҳои зарар рӯёнида шудааст.
Бо таъиноти кассатсионии Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми июли соли 2023 ҳукми Суди ноҳияи Файзобод аз 15-уми июни соли 2023 нисбат ба Фазиламо Латифова бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бетағйир, шикояти кассатсионии маҳкумшуда беқаноат мононда шудааст.
Акнун Фазиламо Латифова дар паси панҷара адои ҷазо намуда истодааст.
Шодӣ НАЗАРЗОДА,
судяи Суди ноҳияи Файзобод
Бознашр аз сомонаи
https://sadoimardum.tj