ЗАБОН БАҚОИ МИЛЛАТ АСТ

Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон
Забони давлатӣ, бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ, гузашта аз ин, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Имрӯз забони давлатӣ ҳамчун омили муҳими пешбурди умури давлатдорӣ ва тавсеаву таҳкими муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар муоширати байни шаҳрвандони кишвар ба таври озод истифода мешавад. Илова бар ин, дар асоси принсипҳои сиёсати давлатӣ доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ дар фаъолияти мақомоти қонунбарор, иҷроия, мақомоти судӣ, соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, воситаҳои ахбори омма ва умуман дар тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷорӣ мебошад.
Забон дар ҳама давру замонҳо яке аз омилҳои асосии пойдории истиқлолияти миллӣ мебошад. Барои ҳар фарди тоҷик лозим аст, ки забони модарии худро омӯзад, онро гиромӣ дорад ва дар ҳифзи он саҳм гузорад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд. Рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллии мо пазируфта шудааст, аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад.
Имрӯзҳо дар кишвари мо ба масъалаи ҷойгоҳи забони давалтӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Зеро забон як унсури асосии таъминкунандаи ваҳдати миллӣ ва тақвиятбахши андешаи миллӣ мебошад.