9 МАЙ-САҲИФАИ ПУРИФТИХОРИ МИЛЛАТ

9-уми май аз анҷоми яке аз ҷангҳои мудҳиштарини таърихи инсоният, Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, 79 сол пур мешавад. 79 сол мешавад, ки садои мудҳишу фаҷиабори тиру туп ва бомбаҳои ҳалокатовар хомӯш гаштааст. 79 сол аст, ки садои мусалсали автомату пулемёт ба гӯш намерасад. Вале осори он ҳанӯз боқист. Ҳанӯз падару бобоҳо ва бародарону модарону хоҳарҳои мо аз ҷароҳатҳои ин ҷанг азоб мекашанд. Ҳанӯз модарону хоҳарони чашминтизор ашк мерезанд. Ҳанӯз оилаҳои саробонашонро дар ин ҷанг аз даст дода бо умед роҳ мепоянд. Ҳанӯз ҳам аз дили гӯшаи хоки поки ин ё он кишвари ҷангзада бомбаю снарядҳои нотаркидаи зангхурда, ки бо як диданашон пайкару вуҷуди кас ба ларза меояд, ҳамчун нишон аз он рӯзҳои даҳшатноки Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 пайдо мешаванд.
Ин ҷанг ҳаёти миллионҳо нафар одамонро барбод дода, ҳазорҳо занонро беваю бечора ва миллионҳо кӯдаконро ятиму бе касу бепарастор гардонид. Аксари мамлакатҳои олам дар ин ҷанг хароб гашта, мардуми онҳо ба бенавоию бечорагӣ рӯ ба рӯ шуданд. Аз имтиҳони фоҷиабори ин ҷанг миллати мо низ гузашт. Дар қатори миллионҳо нафар сарбозони роҳи озодӣ, ки дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ кору зиндагӣ доштанд ва ба ҷабҳаи муборизаҳо сафарбар шуданд, беш аз 290 ҳазор нафар фарзандони Тоҷикистони азизи мо ҳам миёни оташу хун қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон дода, 54 нафари онҳо сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, 58 ҳазор бо медалҳои ҷангӣ ва 15 нафар бо 3 ордени Шараф мукофотонида шуданд. Тоҷикистон дар ин ҷанг талафоти ниҳоят зиёд дод. Ҳазорҳо тоҷикписарони аз сад гул як гули умедашон нашукуфта қурбони ин ҷанги даҳшатбору хонумонсӯз гаштанд. Хотираи неки онҳоро ҳаргиз фаромӯш нахоҳем кард.
Аз ҳамин рӯ, Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ба ивази корнамоиву қаҳрамониҳои нотакрори бобову бибиён ва падарону бародаронамон, бо туфайли дӯстию тифоқиву бародарӣ ва фидокории ҳамаи халқҳои Шуравӣ муясарамон гашта аст, яке аз саҳифаҳои пурфоҷеаю пурифтихори халқамон мебошад.
9-май дар ҳамаи мамлакатҳое, ки фалокатҳои ҷангро аз сар гузаронидаанд, ҳамчун иди Ғалаба-иди зафар бар фашизми хунхор бо ифтихор ва эҳтироми хоса ҷашн гирифта мешавад.
Аз ҷумла, мардуми Тоҷикистон ҳар сол ин рӯзро бо як эҳтирому самимияти хоса ва шодиву фараҳ ҷашн гирифта, хотираи ҳазорҳо фарзандони Ватанро, ки ҷони хешро баҳри ҳифзи Ватан – Модар нисор намудаанд, ба некӣ ёд менамоянд.
Дар ин рӯзи шодию нусрат мо аз қаҳрамонию диловарии муборизони Ватан ёд намуда, ба далерию шуҷоати онҳо аҳсан мехонем.
Бояд зикр намуд, ки корнамоӣ ва фидокориҳои мардуми тоҷик дар ақибгоҳ низ сазовори ёдоварист. Онҳо ба садҳо азобу уқубат нигоҳ накарда, фронтро ба лавозимоти зарурӣ ва сарбозонро бо хӯроку либос таъмин намуданд. «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба»- шиори мардуми ақибгоҳ буд ва таҳти ин шиор шабу рӯз, ҳатто занону духтарони тоҷик, меҳнат намуда, барои таъмини ғалаба тамоми чораҳоро меандешиданд, то рӯзи ғалабаро ҳарчӣ наздиктар созанд. Дар ин ҷода низ саҳми тоҷикистониён хеле зиёд аст.
Имрӯз аз шумораи зиёди иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ шахсони ба шумор мондаанд, ки то кунун онҳо барои пешрафти ҷомеаи мо саҳм мегиранд. Онҳо ҷавононро бо роҳи дуруст ҳидоят намуда, дар пойдории сулҳу дӯстӣ ва таҳкими оромиву осоиш ҳиссаи сазовор мегузоранд. Саҳми онҳо дар таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ, тарбияи ахлоқии ҷавонон, устувор намудани пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ басо бузург аст.
Мо бо кору фаъолияту номи онҳо фахр менамоем. Аз онҳо сабақи зиндагӣ меомӯзем. Бояд қайд намуд, ки масъалаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Баҳри беҳтар намудани шароити зисту зиндагӣ, фароҳам овардани истироҳату табобати онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ба ҷо овардани иззату эҳтироми онҳо қарзи фарзандии ҳар яки мо, ва дар маҷмуъ, аҳли ҷомеа аст.
Боиси фараҳмандист, ки роҳи пуршарафу пурифтихори падарони шуҳратмандро имрӯз ҷавонон идома медиҳанд. Онҳо дар сафҳои Артиши миллӣ баҳри ҳифзи марзу буми Ватани соҳибистиқлоламон сарбаландона хизмат намуда истодаанд. Мо боварӣ дорем, ки ҷавонони шоиставу сарбаланди миллат номи пуршарафи падарону бобоҳоямонро боз ҳам баланд мебардоранд.

Холиқзода Б.Ҳ.,
Раиси суди ноҳияи Файзобод